Имрӯз душанбе, 14 декабри соли 2020. Баъд аз 17 рӯзи дигар соли 2021 ворид мешавад.
Обу ҳаво
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаво имрӯз дар вилояти Хатлон абрноку тағйирёбанда буда, дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, аз 1-6 хунук то 6-11 хунук, рӯзона -4+1° мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар шабона 0-2° хунук, рӯзона 2+4° гарм пешгӯи карда шудааст.
Дар ғарби ВМКБ эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барфи суст меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво -3+2°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 7-12 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво -4+1°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона тағйир ёфта аз 19-24° то 28-33° хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво тағйир ёфта аз 5-10° хунук то 11-16° хунук мешавад. Ҳавои шаҳри Хоруғ тағйирёбанда буда, шабона 8-10° хунук, рӯзона 1-3° хунук пешгӯӣ мешавад. Ҳавои ноҳияи Мурғоб бошад, шабона 22-24° хунук, рӯзона 8-10° хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -4+1° мешавад. Пешгӯӣ мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 0+2° гарм мегардад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барф борида, ҳарорати ҳаво шабона 2-4° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар умум, ҳарорати ҳавои НТҶ дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 14-16 хунук), рӯзона -4+1° мешавад.
Қурби асъор
Имрӯз Бонки миллии Тоҷикистон 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ; 1 евро – 13.6933 сомонӣ ва 1 рубли русиро ба 0.1535 сомонӣ баробар кардааст.
Бино ба огоҳии БМТ берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Тақвими рӯз
– 14 декабри соли 1930 дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) таъсис дода шуд;
– Соли 1918 дар овоздиҳии интихоботи умумӣ дар Британияи Кабир аввалин маротиба занони аз 30-сола боло иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯзи соли 1934 дар Туркия ба занон ҳуқуқи интихоб дода шуд;
– Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии маймунҳост;
– 14 декабр ҳамчун рӯзи Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил таҷлил мешавад. Дар ин бора метавон илова кард, ки 34 сол қабл дар бахши 4-уми неругоҳи барқи атомии Чернобил таркиши мудҳиш ба амал омад, ки таъсири манфӣ ва пайомадҳои ногувори он то ҳоло боқӣ мондаанд. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи бесобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар сарбозони дар эҳтиётбуда сафарбар шуда буданд. Ҳамчунин, наздик ба ҳазор нафар аскарбачагоне, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбии дусоларо иҷро мекарданд, барои бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил фиристонида шуданд. Бояд гуфт, ки бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил аз рӯзи сар задани он, яъне аз 26 апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 идома ёфта, дар баробари 7 ҳазор сокинони Тоҷикистон, ҳамчунин аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1 миллион нафар дар минтақаи барои саломатӣ хатарноку маргбори Чернобил сафарбар шуда буданд.