МУЪМИНОБОД: 367 ГЕКТАР ЗАМИН БАРОИ КИШТИ ТАКРОРӢ ОМОДА МЕШАВАД

Дар ноҳияи Муъминобод истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 326 миллиону 195 ҳазору 400 сомонӣ расидааст, ки ба соҳаҳои чорводорӣ ва растанипарварӣ рост меояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаратзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, кишоварзони ноҳия дар ин давра дар майдони 13 ҳазору 769 гектар ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, картошка, пиёз, сабзӣ, зироатҳои полезӣ, хӯроки чорво ва дигар зироатҳои заруриро кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Айни ҳол хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷамъоварии картошка, пиёз ва зироатҳои полезӣ машғул буда, бозори марказиро бо маҳсулоти худӣ таъмин менамоянд.

Дар натиҷа нархи картошка аз 7 ба 5 сомонӣ, пиёз аз 6 ба 5 сомонӣ ва меваҷот аз 10 ба 7 сомонӣ расидааст, ки барои дастрасии бештари харидорон мусоид мебошад.

Гуфта шуд, ки тибқи нақша соли ҷорӣ дар майдони 367 гектар замини кишти такрорӣ зироатҳои кишоварзӣ кишт карда мешаванд. Дар заминҳои обие, ки кишти асосӣ ҷамъоварӣ шудааст, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.

То имрӯз, тибқи маълумоти фаврии пешниҳоднамудаи ҷамоатҳои деҳот, дар майдони 60 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Холов Сулаймон