ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ БОЗИҲОИ 20-УМИ ДЕЛФИИ ҶАВОНОНИ КИШВАРҲОИ ИДМ МЕШАВАД

Аз 5 то 9 октябри соли 2026 дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангӣ аз рӯйи чандин номинатсия, аз ҷумла фортепиано, скрипка, созҳои нафасӣ, санъати тасвирӣ, сарояндагии академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ, инчунин рақси халқӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳадафи асосии Бозиҳои Делфӣ дарёфти истеъдодҳои ҷавон, дастгирии фаъолияти эҷодӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.

Тоҷикистон қаблан низ мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд. Соли 2022 дар кишвар Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуда, дар он беш аз 400 ҷавони соҳибистеъдод аз кишварҳои Иттиҳод иштирок карда буданд.