Маорифчиёни ноҳияи Вахш 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва томактабӣ истиқбол мегиранд. Бо саҳми сокинон, соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил тадбирҳои созандагӣ идома доранд.
Ба гуфтаи мудири бахши маорифи ноҳияи Вахш Тоҷиддин Абдуллозода, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия 3 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, дар назди 23 муассисаи таълимӣ 134 синфхонаи иловагӣ бунёд мегардад.
Ба таъкиди ӯ, бо фароҳам шудани шароити беҳтари таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзии хонандагон низ боло рафта, ҳамасола хонандагони ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Зеро сармоягузорӣ ба соҳаи маориф — сармоягузорӣ ба насли оянда ва рушди давлату миллат мебошад.
