Дар 45 мавзеъи таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе QR-роҳнамоҳо насб карда шудаанд, ки ба сокинону меҳмонони пойтахт барои дастрасӣ ба маълумоти муфассал дар бораи ин мавзеъҳо имкон медиҳанд.
Тибқи иттилои шуъбаи сайёҳии шаҳрдории Душанбе, ин иқдом дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаи насби QR-рамзҳо дар пойтахт амалӣ шудааст.
QR-роҳнамоҳо аз санги мармар омода шуда, дар назди иншооти муҳими сайёҳии шаҳр ҷойгир гардидаанд. Бо нусхабардории рамзҳо тавассути телефони мобилӣ, шаҳрвандон ва сайёҳон метавонанд дар пойгоҳи расмии сайёҳии шаҳри Душанбе — «Dushanbe Travel» — дар бораи мавзеъи интихобшуда ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумоти матнӣ ва овозӣ дастрас намоянд.
Дар марҳилаи баъдӣ пешниҳод намудани маълумот бо забонҳои чинӣ ва арабӣ ва насби QR-роҳнамоҳо дар дигар мавзеъҳои пойтахт пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи лоиҳа рушди зерсохтори сайёҳӣ ва фароҳам овардани дастрасии сокинону меҳмонони хориҷӣ ба иттилооти муътамад дар бораи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Душанбе мебошад.
