Дар Нуробод масъалаи кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» баррасӣ шуд
Зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Нуробод хабарнигорон аз роҳбарияти ноҳия оид ба кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» пурсон шуданд.
Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода ба саволҳои рӯзноманигорон вобаста ба ин масъала посух дода, ҳамчунин оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз маълумот пешниҳод намуд.
Масъалаи кӯчонидани аҳолӣ дар баробари рушди инфрасохтор ва корҳои созандагӣ аз мавзӯъҳои муҳими иҷтимоии ноҳияи Нуробод ба ҳисоб меравад.
