Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об тақвият медиҳанд.
Дар ин хусус, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Масъалаи татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, аз ҷумла бунёди зеристгоҳи нави барқӣ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Варзоб-2», зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия баррасӣ гардид.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар самти энергетика ва захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон барои рушди соҳаҳои энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
