578 довталаб аз манотиқи гуногуни кишвар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ин шумора 260 нафарро довталабони аз 12 то 17-сола ва 318 нафарро иштирокчиёни аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд.
Даври дуюми озмун аз 22 то 30 июн баргузор гардида, дар он 2677 довталаб иштирок намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастӣ, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 86 нафар, вилояти Хатлон 120 нафар, вилояти Суғд 135 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 100 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз шаҳри Душанбе 138 нафар соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбии ҷавонону наврасон, рушди ҳунари иҷроӣ ва тарғиби анъанаҳои миллӣ ва мероси фарҳангии ниёгон мебошад.
