Суғд: ҷаримаи 1277 нафар барои надоштани ниқоби тиббӣ

акс аз интернет

Аз тарафаи кормандони  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои риоя накардани қоидаи муқовимат бо ҳамагирии коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ, яъне бе ниқоб гаштугузор намудани шаҳрвадон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар маҷмӯъ нисбат ба 1277 нафар бо қисми 1 моддаи 113-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ оғоз шудааст.

Дар ин бора Фурқат Шарифов ҳуқуқшиноси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд хабар дод ва он афзуд, ки “ин парвандаҳо аз тарафи мутахассисони Маркази назорати  давлатии санитарию эпидемиологии  шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардида, нисбати шаҳрвадон ба маблағи умумии 175 ҳазору 642 сомонӣ ҷарима таъин шудааст. Аз ин то имрӯз ҳамагӣ 148 ҳазору 219 сомонӣ ситонида шуда, 27 ҳазору 419 сомонӣ ҷарима боқӣ мондааст”.

Бар асоси маълумоти мусоҳиби мо аз 1277 нафар  86 нафарашонро ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ, 335 нафарашонро кормандони ошхонаву тарабхонаҳо ва 865 нафарашонро шахсони воқеиро ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои масъулин, 349 ҳолат аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳру навоҳии  вилоят дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру навоҳии вилоят, 772 ҳолат аз ҷониби ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, 18 ҳолат аз ҷониби Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташакклили ВКД  ҶТ  дар вилоят ва 138 ҳолат аз тарафаи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ошкор карда шудааст.

Дар Тоҷикистон мутобиқи дастури Ситоди ҷумҳурявии муқовимат ва пешгирии паҳншавии коронавирус аз миёнаҳои моҳи май бастани ниқоб ҳатмӣ шуд ва сар аз 4-уми июли соли 2020, баъди аз сӯйи раисҷумҳур имзо шудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сокинонро барои набастани ниқоб дар ҷойҳои муайянкардаи қонун аз  116 то 290 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Саидов Ш.

РТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *