Тасарруфи маблағ
Як нафар ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дар он хусус шикоят кардааст, ки 4 декабри соли 2020, тахминан соати 20:40-дақиқа, дар назди бозорчаи “Зарафшон”-и пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 480-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Зан мардро бо корд зад
Шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ аз сабаби рашк 3-маротиба ба узвҳои бадани марди 39-солаи сокини пойтахт задааст, ки дар натиҷа охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Тавре аз маркази матбуотии ВКД хабар доданд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи зодаи шаҳри Бӯстон, муваққатан сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Қаллобро мешиносед?
Инчунин, зимни ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Кушониён шаҳрванд Саидов Изатулло сокини ноҳияи мазкурро, ки мутобиқи моддаҳои 338, 247 ва 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир намуданд.
Дар ин бора ВКД хабар дода мегӯяд, ки Саидов Изатулло муддати зиёд ба кирдорҳои ғайриқонунии худ ба боварии шаҳрвандон даромада, аз роҳи фиреб бо мақсади даромади муфт ба даст овардан, маблағҳои калони пулии сокинони ноҳияро аз они худ кардааст.
“Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки нафароне, ки ба доми фиреби ин шахси ҷиноятпеша афтодаанд, метавонанд ба ШВКД дар маҳалли зисташон муроҷиат намоянд”, – хотирасон мекунад ВКД.