Имрӯз бо мақсади муайян намудани бозори сайёҳии дохилӣ ва дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи имконоти сайёҳӣ баргузор гашт.
Масъулини намоиш ба хабаргузории “Ховар” гуфтаанд, ки рушди сайёҳии дохилӣ барои давлати мо мавзӯи бисёр муҳим буда, яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ маҳсуб меёбад. “Одатан ҳангоми саёҳат шахс аз надонистани забони маҳаллӣ ва урфу одатҳои онҳо мушкилӣ мекашад. Дар сайёҳии дохилӣ ин мушкил ҷой надорад, зеро шаҳрвандон бо як забон ҳарф зада, аз одатҳои якдигар бархӯрдоранд”, – омадааст дар гузориш.
Инчунин, гуфта мешавад, ки дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифташуда ва 20 фоизи қаламрави мамлакатро иҳота кардани ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ба рушди сайёҳии экологӣ мусоидат менамоянд.