Дар ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» яке аз ташаббусҳои таърихии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аз файзи ин Озмун дари дунёи маърифат ва дунёи пурғановат барои тамоми қишри ҷомеа ва дўстдорони шеъру адаб боз шуд.
Боиси ифтихори мо кормандони шабакаи «Фарҳанг»- и Радиои Тоҷикистон аст, ки ҳамкорамон рўзноманигори собиқадор Убайдулло Хӯҷаёров (Убайдулло Акрамзода) дар даври ниҳоии Озмун аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик ширкат намудаистодааст. Мавсуф дар марҳилаи қаблӣ сазовори ҷойи дуюм, «Диплом» — и махсуси Озмун ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 7 000 сомон шуд.
Дар даври ниҳоии Озмун Убайдулло Акрамзода яҷоя бо 70 нафар довталаб вориди сабат аст. Мо аҳли эҷоди шабакаи «Фарҳанг» — и Радиои Тоҷикистон ба Убайдулло Акрамзода ҷиҳати ба даст овардани ғолибият дар Озмун музаффариятҳо хоҳонем.
Лутфия ҚУРБОНОВА,
муовини сармуҳаррири шабакаи “Фарҳанг”