Имрӯз 9 декабри соли 2020 ва 344-ум рӯзи сол аст.
Обу ҳаво
Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, нимаи дуюми рӯз, эҳтимолан, боришоти суст дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона -2+3° мешавад. Дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар бошад, ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 4+6° гарм ва дар шаҳри Кӯлоб ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 2-7° хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво -4+1°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 13-18° хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 3-8° хунук мешавад. Дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво пастар шуда, шабона 4-6° хунук, рӯзона 0-2° хунук мешавад. Агентии обуҳавошиносӣ ҳаво дар ноҳияи Мурғобро шабона 13-15° хунук, рӯзона 3-5° хунук пешгӯӣ мекунад.
Ҳавои тағйирёбанда шаҳри Хуҷандро интизор аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳр шабона 3-5° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар умум, ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд шабона 1-6° хунук, рӯзона -1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳии он бошад, шабона 3-8° хунук, рӯзона -3+2° мешавад.
Дар НТҶ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона -3+2° мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро нисбат ба Сомонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.12.2020 чунин муқаррар намуд:
1 доллари ИМА | 11.3000 сомонӣ |
1 ЕВРО | 13.693 сомонӣ |
1 рубли Россия | 0.1535 сомонӣ |
БМТ хотиррасон мекунад, ки қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.
Тақвими рӯз
– Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо коррупсия аст. Ин сана бо ибтикори СММ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Бояд донист, ки 31 октябри соли 2003 «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд. Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия ҳуҷҷати мазкурро 25 сентябри соли 2006 пазируфта, онро 16 апрели соли 2008 тасдиқ намуд.
– Мухлисони футбол бояд дар хотир гиранд, ки дар ин рӯзи соли 1909 клуби футболи «Баруссия» (Дортмунд) ташкил шуд.
– Дар ҳамин рӯзи соли соли 1948Ассамблеяи Генералии СММ генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ)-ро ҷиноят арзёбӣ кард.
Сархатти муҳимтарин барномаҳои Радиои “Тоҷикистон”:
- Дар соати 09:15 шунавандагони радио метавонанд барномаи таҳлилии «Бозтоб»-ро шунаванд. Дар он муҳимтарин ҳаводиси Тоҷикистону ҷаҳон, аҳамияти илмии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ҳушдори СММ дар робита ба бӯҳрони фақр дар соли 2021 ва баҳси корбарони шабакаи фейсбук оид ба фарҳанги шаҳрнишинӣ баррасӣ мешавад.
- Дар соати 10:40 масъалаи зимистонгузаронӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар барномаи “Иқтисод ва молия” мавриди таҳлил қарор мегирад;
- Масъалаи одобу рафтор дар нақлиёт имрӯз дар миёни шаҳрвандон духуррагиеро ба миён овардааст. Ин мавзӯъро дар барномаи “Этикет” дар соати 11:45 шунида метавонед;
- Имрӯз ҳаёт ва рӯзгори хоҷагидорони ниҳияи Рӯдакӣ дар чӣ вазъ аст? Ба ин савол соати 14:15 дар суҳбат ва гузориши барномаи «Ҳаёти деҳот» шунида метавонед (такрор аз соати 14.15);
- «Ҷавонон ва ҷомеа» барномаи идораи ҷавонии РТ мебошад, ки имрӯз соати 16:10 пахш шуда, дар он мавзӯъҳои ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, гузориш аз рафти даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва масъалаи бемории фарбеҳӣ таҳлил карда мешаванд.
Шунавандагони Радиои “Тоҷикистон”-ро имрӯз дигар барномаҳои иттилоотиву таҳлилӣ ва адабиву мусиқавӣ интизор аст.
Неъмат САЛИМЗОДА