Ахбори ВКД: Кордзанӣ, таҳдид ба куштан ва тасарруф

Таҳдид ба куштан

Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 17:00, дар дохили мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ҳамин ноҳия шахси номаълум, аз ҳисиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корд таҳдиди куштан кардааст.

Кормандони милитясия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум кардаанд, ки кирдори авбошоёнаро ҷавони 24-солаи сокини Фирдавсӣ, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Кордзанӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҳамчунин муайян карда шуд, ки 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:00, ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии “Ғалаба”, воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол кардааст. Онҳо якдигарро лату кӯб намуда, сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1-маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Тавре ВКД хабар медиҳад, «баъдан шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст».

Дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Тасарруфи телефони мобилӣ

Дафтари матбуотии ВКД инчунин дар сомонаи худ хабар нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад: «Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳористони ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:45-дақиқа, дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи мазкур шахсони номаълум бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд».

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20 ва ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Восеъ, шаҳри Душанбе ва шахси ба тафтишот номаълум содир намудаанд.

Аз рӯи ҳодисаҳои болозикр парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Неъмат САЛИМЗОДА,

www.radiotoj.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *