Ба навиштаи сомонаи шабакаи хабарии “Евронюз”, 2.5 миллион шаҳрванди Британия дар сурати адами тамдиди шиносномаҳои худ эҳтимолан аз 31 декабри соли ҷории милодӣ дигар наметавонанд вориди хоки Иттиҳодияи Аврупо шаванд.
Гуфта мешавад агар чӣ ба шаҳрвандони Британия, ки барои сафари кутоҳ ва туристӣ ба ин иттиҳодия меоянд ба раводид ниёзе нахоҳанд дошт, аммо бино бар иттилооте, ки дар сайти расмии муқаррароти Шенген навишта шудааст (SchengenVisaInfo.com), эҳтимолан бисёре аз ҳамватанонашон пас аз поёни давраи гузариши Брекзит, яъне аз аввали январи соли 2021 чунин имконро нахоҳанд дошт.
Дар ҳоли ҳозири шаҳрвандони Британия метавонанд озодона ба ҳамаи кишварҳои дохили Иттиҳодияи Аврупо ва минтақаи Шенген сафар кунанд, аммо бо анҷоми муҳлати шиносномаҳои онҳо ин вазъият тағйир хоҳад кард.
Бар асоси муқаррароти ҷадид, аз соли 2021 шаҳрвандони ин кишвар дар сурате метавонанд бо паспорти кунунии худ вориди минтақаи Шенген шаванд, ки ҳануз ҳадди ақал 6 моҳ аз муҳлати эътибори он боқӣ монда бошад. Дар мавриди ин муқаррарот танҳо истисно барои мардуми Ирландия дар назар гирифта шуда аст.
Илова бар ин эҳтимол меравад, ки аз ибтидои январи соли 2021, муддати интизории мусофирони британиягӣ дар марзи ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёбад, зеро онҳо низ бояд дар канори мусофирони дигар нуқоти ҷаҳон, барои убур аз марзи иттиҳодия дар як саф қарор бигиранд.
Аз мусофирони британиягӣ ҳамчунин хоста мешавад то билети баргашти худро ба маъмурони марзӣ нишон диҳанд ва пули кофӣ низ барои даврони иқомати худ дар ин иттиҳодия дошта бошанд.
Агарчи барои сафарҳои туристӣ доштани раводид зарурӣ нест, аммо муддати сафари туристии шаҳрвнадони Британия низ ба ҳадди аксари 90 рӯз маҳдуд хоҳад шуд, ки ин масъалаи мушкилотеро барои афроде, ки хонаҳои худро дар даврони таътилот иҷора медиҳанд, ба вуҷуд меорад.
Аммо ба назари коршиносон мушкилоти шаҳрвандони Британия ба ин ҷо хатм намешавад. Аз он ҷо ки ба далели пандемия бисёрӣ аз сафоратхонаҳо бахши судури раводидро мувақатан таътил кардаанд, ба назар мерасад дарёфти визо барои он даста аз британиягиҳо ки пас аз январи 2021 бояд ба ин иттиҳодия сафар кунанд, барои муддатҳо мумкин набошад.
Ҳамчунин, эҳтимол дода мешавад шумори қобили таваҷҷӯҳӣ аз Британиаӣҳо ба маҳз расӣдан ба марзҳои иттиҳодия , маҷбӯр ба бозгашт ба хона ҳояшон шаванд зеро аз тағироти густардае ки дар муқаррарот омаду шуд ба ӣн иттиҳодияи бавуҷӯди омада , бе хабар бошанд .