Зан — модар на танҳо ҳамчун шахси меҳрубону мушфиқ ва сарчашмаи ҳаёт, балки ҳамчун як узви ҷомеа дар ободии Ватан ва дар ғанигардонии буҷаи давлатӣ саҳми назаррас дорад.
Ҳукумати кишвар тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитро барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, беҳтаркунии сатҳи зиндагӣ, афзоиши даромади хоҷагӣ, дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ, ҷалби занон ба шуғл ва рушди малакаҳои соҳибкорӣ фароҳам овардааст. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон мақоми арзандаро дар ҷомеа соҳиб гардида, ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ нақши калидӣ доранд.
Ин нукта дар тамоми суханрониҳои Пешвои муаззами миллат мунтазам садо медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ боз ҳам вусъат бахшида, ба неруву ташаббусҳои созандаи онҳо ҳамеша эътимод дорад. Дар суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 7-уми марти соли 2025 дар мулоқот бо бонувони кишвар баён дошта, ёдовар шуданд, ки аз 362 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ 110 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 18 ҳазор нафар зиёд мебошад. Аз 180 ҳазор нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 53 ҳазор нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Албатта ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ онҳо ҳам дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳам барои ғанигардонии буҷет саҳм мегузоранд.
Дастгирии молиявие, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 то инҷониб дар шакли грантҳо роҳандозӣ мегардад, бино ба иттиллои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 миллиону 802 ҳазорро ташкил медиҳад, ки ба 1 ҳазору 185 нафар занон ҷудо гардидааст. Бонувон аз ин ҳисоб 3 ҳазору 824 ҷойҳои корӣ таъсис додаанд, ки барои рушди иқтисодии оилаҳо мусоидат намудааст.
Аз соли 2011 то 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 млн. сомонӣ барои 40 лоиҳаи мақсаднок ҷудо карда мешуд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 млн. сомонӣ ба 2 млн. сомонӣ зиёд карда шуда, аз соли 2016 то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои грантии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 480 нафар занону бонувони кишвар маблағҳои бебозгашт дар ҳаҷми 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бо мақсади таъмин намудани занону бонувон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардиданд. Дар ин давра зиёда аз 6200 нафар занони хонанишин бо ҷойҳои нави корӣ таъмин ва ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Бо ташаббусу ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занону бонувони кишвар соли 2024 маблағҳои грантӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон ба 2,5 млн. ва 5 млн. сомонӣ ва аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомонӣ барои ташкили 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад, ки на фақат ба баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо, балки ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занону духтарон ва таъмин гардидани онҳо бо ҷойи кори доимию мавсимӣ мусоидат менамоянд.
Дар баробари грантҳо ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок низ яке аз васитаҳои баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати мамлакат ба ин масъала низ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳад. Тайи даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст ва ин иқдом идома дорад, ки лоиқи дастгирист.
Барои боз ҳам рушд додани соҳибкории занон бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027”, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 №545 ба тасвиб расидааст, ки имкон фароҳам меорад, то занону бонувон аз имтиёзҳои давлатӣ бархурдор гардида, саҳми худро дар рушди иктисоди миллӣ бештар намоянд.
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 низ маҳз ба хотири бартараф намудани нобаробарии гендерӣ, васеъ намудани имкониятҳои занон барои истифодаи ҳуқуқҳои худ, фаъолгардонии нақши онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар қабул гардидааст.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”
