Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид

Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар иҷлосия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, дар хусуси номаҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба амалисозии марҳилаи дуюми сохтмони иншооти сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳамзамон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шуҳрат Аҳмадзода», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шуҳрат Аҳмадзода»  ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Парвиз Маҳмадшарифзода» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳама  масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 АКС:  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон