Мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Руслан Чернетский баргузор гардид.
Зимни мулоқот самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъат, ба вежа баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, ки охири моҳи апрел ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ тасдиқ намуда, ба татбиқи боз ҳам бобарори мувофиқаҳои ҳосилшуда изҳори боварӣ карданд.
