Зани низомӣ намунаи ҷасорат, матонат ва садоқат буда, на танҳои муҳофизи оила, балки ҳомии Ватан аст. Подполковник Шарифамоҳ Саидзода, сардори ситоди қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар пагоҳирӯзӣ ба кор омада, баҳри дифои Ватани маҳбуб камари ҳиммат мебандад.
Сабаб чӣ буд, ки соҳаи низомиро интихоб кардед?
— Занони низомипӯш дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки дифои Ватан қарзи ҷонии онҳост. Аз хӯрдӣ ҳавас мекардам, ки либоси низомӣ ба бар кунам. Баъдар каме калон шудам, ҳисси ватандӯстӣ маро ба касби ҳарбӣ равон кард. 64 сол дорам, вале то ҳол дар хизмати миллату Ватани азизам ҳастам ва аз ин ифтихор ҳам мекунам.
Барои шумо ҳамчун зан-модар баробари мардон қадам гузоштан мушкил нест? Ба таълиму тарбияи фарзандон, эҳтироми шавҳар, оилаву оиладорӣ чӣ гуна вақт меёбед?
— Ҳар шахсе, ки касби худро дӯст медорад, ӯ содиқона фаъолият мебарад. Барои ман дар самти ҳарбӣ кору фаъолият кардан албатта, мушкил нест. Вале паси ҳар як зани низомӣ оилаи устувор ва зани фидокор меистад. Дар баробари сахтгиру ҷиддӣ буданам, ҳамчун зани ҷасуру кордон ва ҳалиму меҳрубон пайваста дар фикри оилаам ҳастам. Баъд аз анҷоми кор ва уҳдадориҳои худ бесаброна ҷониби хона ва оилаву оиладорӣ мешитобам. Парвариш ва нигоҳубини гулҳоро хеле дӯст медорам. Дар баробари кору фаъолият, оилаи хеш, муҳаббати худро ба парвариши гулҳои зебои хонадонам низ бахшидаам.
Мо медонем, ки ҳунари кадбонугӣ низ доред?
— Пӯхтупаз барои ман вазифа нест, балки ҳунар ва масъулият аст. Аз уҳдаи пӯхтани ҳама гуна хӯрокҳои миллӣ мебароям. Аз ҷумлаи оши бурида, таҳмол, шакаробу қурутоб, фатиру нону кулчаҳо. Ба духтаронам ва келинҳоям низ омӯзонидам.
Ҳунари чакандӯзиву зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллиро низ доред?
— Бале, ба келинҳову фарзандонам ва наберагонам куртаҳои миллии чакану тоқиҳои гулдӯзӣ, курпаю курпача, болиштҳои зардӯзӣ ва ғайраҳо медӯзам. Зан-модар бояд аз уҳдаи ҳама ҳунарҳо ва корҳои хона барояд.
Чанд сол аст, ки ҳаёти оиладорӣ доред? Оё шумо ба касби интихобкарда ва фаъолияти завҷаи меҳрубон зиддият надоштед?
— 40 сол аст, ки ҳаёти оиладорӣ дорем. Ҳеҷ гоҳ зид набудам. Баръакс, дастгириҳои ҳамешагиямро баҳраш дареғ намедоштам. Мо ҳаёти намунавӣ дорем. Инсоният арзишҳои миллӣ, эҳтирому муҳаббат ва масъулиятшиносиву ватандӯстиро дар оила меомӯзад. Зани низомӣ бояд намунаи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошад, то гармии хонадонро нигоҳ бидорад. Ман аз завҷаи меҳрубон розиям ва фахр ҳам мекунам, ки ӯ низомӣ ҳаст. Худи ман низ дар сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардаам, ҳоло дар нафақа мебошам.
Тарбияи ватандӯстӣ дар оила аз чӣ оғоз меёбад?
Муҳити солими оила, меҳру муҳаббат ва эҳтиром барои тарбияи дурусти фарзандон заминаи асосӣ мегузорад. Ва тарбияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ аз оилаи солим оғоз меёбад. Соҳиби 5 фарзанд 11 набера мебошем. Фарзандонамонро хонондем, соҳиби маълумоти олӣ кардем. Оиладор кардем. Дар ҳама сохторҳои давлатӣ кору фаъолият мекунанд. Як фарзандамон варзишгар аст. Вақте ки дар мусобиқаҳои варзишӣ дар дигар давлатҳо Парчами Тоҷикистонро боло мебардорад ва суруди миллӣ садо медиҳад, ин ифтихори мо волидон аст.
Каримзода Мирзомуддин, завҷаи шумо низомӣ ҳаст, дар хона ҳам ҷиддӣ буданд?
Бале, дар тарбияи фарзандон хеле сахтир ва ҷиддӣ буд. Дар баробари ин, меҳрубон ва ғамхор аст нисбат ба ҳамаи мо. Ӯ на танҳо ҳамсари низомӣ, зани содиқ, балки такягоҳ ва нерӯбахши мо мебошад. Дӯст доштани оила барои мо қадр кардан, эҳтиром гузоштан ва ғамхорӣ намудан ба аҳли хонавода мебошад.
Хонаобод бошед!
Зарина Мухторзода
радиои “Тоҷикистон”
