18 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошканд) Гвидо де Санктис мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкории ҳарду мамлакат ва дурнамои онро баррасӣ намуданд.
Аз замони истиқрори муносибатҳои дипломатӣ робитаҳо байни Тоҷикистону Италия бомаром рушд карда, ҳарду давлат дар бахшҳои мухталиф ҳамкории созандаро ба роҳ мондаанд. Намунаи барҷастаи ин ҳамкорӣ иштироки ширкати италиявии «WeBuild» дар татбиқи яке аз иншооти муҳими гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бастаи санадҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ба имзо расид, инчунин лағви раводид барои шаҳрвандони Италия ва дорандагони шиносномаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъати ҳамкорӣ ва содагардонии муошират байни ҳарду мамлакат имкони мусоид фароҳам овард.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба муколамаи ҳарду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
