Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо дабири кулли Палатаи савдо ва саноати минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ал-Ҳаноя мулоқот намуд.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории  дуҷониба дар самтҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноату кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин роҳҳои таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ карда шуданд.