Аз соли 1990 ин ҷониб, ҳамасола 5-уми феврал дар саросари ҷаҳон, Рӯзи ҳамбастагӣ бо мардуми Кашмир қайд карда мешавад. Зимни ин чорабинӣ раҳпаймоиҳои давлатӣ, семинарҳо ва эътирозҳо дар қаламравҳои баҳсбарангези Ҷамму ва Кашмири аз ҷониби Ҳиндустон ишғолшуда (IIOJK) баргузор мешавад. 5 августи соли 2019 Парлумони Ҳиндустон моддаҳои 35a ва 370 Конститутсияи Ҳиндустонро бекор кард, ки мувофиқи он ба IIOJK мақоми махсус дода шуда буд. Акнун IIOJK ба ду қаламрав тақсим шуд, ки бевосита аз ҷониби Деҳлии Нав идора карда мешавад.
Тағйироти воридшуда ба шаҳрвандони Ҳиндустон иҷозат медиҳад, ки аз IIOJK замин харанд ва тибқи он дар як муддати кутоҳ ба беш аз 500 000 ғайрикашмирӣ шаҳодатномаҳои истиқоматӣ дод. То ин дам зиёда аз 6 сол гузашт, аммо назорати шадиди низомиёни Ҳиндустон дар IIOJK ҳанӯз идома дорад Баҳс дар атрофи Кашмир таърихи дерина дорад. Агар замони империяи Муғулҳо ва ишғоли Бритонияро, ки дар он замонҳо кашмирҳо дар раванди таърихӣ ҷойгоҳи махсус доштанд, ба як тараф гузорем, нуқтаи ҳисоб соли 1947 хоҳад буд. Ҳамон сол Ҳиндустони Бритониёӣ истиқлолият ба даст оварда, ба ду доминион – Покистон ва Ҳиндустон тақсим карда шуд.
Ҳиндустон қаламрави Ҷамму ва Кашмирро ғайриқонунӣ ишғол карда, 27 –уми октябри соли 1947 неруҳои худро дар Сринагар фуруд овард, ки ин вайрон кардани талаботи Нақшаи тақсимоти Ҳиндустон мебошад. Тибқи Нақшаи тақсимот, мустамликаи Бритония — Ҳиндустон бояд ба ду давлати соҳибихтиёр тақсим карда мешуд. Аксарияти ҳиндуҳо бояд Ҳиндустон ва аксарияти мусулмонони вилоятҳои Ғарбӣ ва Банголаи Шарқӣ Покистонро ташкил медоданд. Мувофиқи Нақшаи тақсимот, ба давлатчаҳои хурди онвақтаи шоҳигарї интихоби ҳамроҳ шудан ба Покистон ё Ҳиндустон дар асоси ҷуғрофия ва демографияи онҳо дода шуд. Бо аксарияти 87% аҳолии мусулмон, Ҷамму ва Кашмир бояд як қисми табиии Покистон мешуданд, зеро байни онҳо дар робита ба дин, ҷуғрофия, забон ва фарҳанг робитаи қавӣ вуҷуд дошт.
Мардуми Ҷамму ва Кашмир барои озод шудан аз ҳукмронии Ҳиндустон исён бардоштанд. Покистон кашмирҳоро дастгирӣ кард, ки ин ба ҷанги якуми Ҳиндустон ва Покистон оварда расонд. Вақте як қисми Кашмир озод шуд, Ҳиндустон гӯё барои оташбас ба СММ муроҷиат кард, вале дар асл вай мехост вақтро кашол дода, қувваҳои иловагиро ба минтақаи баҳснок интиқол диҳад. Аз ин рӯ Ҳиндустон 1-уми январи соли 1948 ба Шӯрои Амнияти СММ муроҷиат кард. Азбаски нигоҳ доштани минтақаи ишғолкарда ба Ҳиндустон мушкилӣ мекард, дар қатъномаҳои пайдарпайи худ фиребгарона даъват ба амал овард, ки раъйпурсии беғаразона таҳти назорати СММ баргузор карда шавад, то ба мардуми Кашмир имкон диҳад, ки тақдири худро худашон ҳал кунанд. Шӯрои Амният қатъномаи 21 апрели соли 1948-ро қабул кард, ки дар он ӯ ваъда дод, ки таҳти сарпарастии СММ раъйпурсӣ баргузор мекунад, то ба кашмириён имконият диҳад, ки онҳо мувофиқи хоҳиши худ ба Покистон ё Ҳиндустон ҳамроҳ шаванд. Ин қатъномаҳо ва ваъдаҳо ба СММ, ки аз ҷониби роҳбарони Ҳиндустон дода шудаанд, ҳатто пас аз даҳсолаҳо низ иҷро нашудаанд. Маълум шуд, ки ин фиребкориҳои Ҳиндустон танҳо барои кашол додани вақт ва “нафас рост кардан” будааст.
Соли 1989 дар қаламрави Ҷамму ва Кашмир, ки аз ҷониби Ҳиндустон ишғол карда шуда буд, мусулмонон муборизаи худро барои таъмини ҳуқуқи ҷудонопазири худмуайянкунӣ фаъол карданд. Вақте ки шаби 20 январи соли 1989 ҳангоми кофтукови хонаҳо дар Сринагар чанд зан осеб диданд ва дар ин бора хабар расид, субҳи он рӯз ҳазорон нафар ба нишони эътироз ба кӯчаҳо баромаданд. Нерӯҳои Ҳиндустон ба эътирозгарон дар минтақаи Гав-Кадал оташ кушода, беш аз 50 нафарро куштанд ва садҳо нафари дигарро захмӣ карданд. Ин ҷиноят дар Покистон тамоми сокинонро ба хашм овард ва 5-уми феврал дар саросари кишвар Рӯзи ҳамбастагӣ бо мардуми Кашмир эълон карда шуд. Аз он вақт инҷониб, ҳар сол ин рӯз ҳамчун нишонаи ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Кашмир, ки дар қаламрави зери назорати Ҳиндустон зиндагӣ мекунанд, қайд карда мешавад. Соли 2021 Ҳукумати Покистон онро рӯзи истироҳат эълон кард Аз замони тағйири мақоми Кашмир аз ҷониби режими Моди аз 5 августи соли 2019, ба баҳси Кашмир дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир шуд. Талошҳои шадиди Покистон ва вазъияти вазнин дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки аз муҳосираи низомии давомдор дар Ҷамму ва Кашмир ба вуҷуд омадааст, Шӯрои Амнияти СММ-ро водор кард, ки бори аввал пас аз беш аз 50 соли танаффус се маротиба дар Кашмир ҷаласа баргузор кунад.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва президенти ИМА Доналд Трамп борҳо барои ҳалли баҳси Кашмир дар мавҷи шиддат гирифтани танишҳо байни Покистон ва Ҳиндустон миёнаравӣ пешниҳод кардаанд. Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет, якчанд аъзои Парлумони Британия ва қонунгузорони ИМА, инчунин созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Конфронси Исломӣ (СҲИ), Amnesty International ва Human Rights Watch, аз вазъи ғамангези ҳуқуқи инсон дар Ҷамму ва Кашмири зери ишғоли Ҳиндустон изҳори нигаронӣ карданд. Созмони Genocide Watch дар изҳороти худ аз қатли ом нисбати мусалмонон дар Ҷамму ва Кашмир ва иёлати Ассами Ҳиндустон зиндагикунанда изҳори нигаронӣ кард. Усулҳои Ҳиндустон ба амалҳои Исроил дар қаламравҳои ғайриқонунӣ ишғолшудаи Фаластин шабоҳат доранд. Бо назардошти робитаҳои зичи Ҳиндустон ва Исроил, эҳтимол дорад, ки Деҳлии Нав усулҳои Тел-Авивро барои нобуд кардани аҳолии бумӣ қабул кунад. Аз соли 1989 кашмириён шаклҳои гуногуни терроризми давлатиро аз сар мегузаронанд. Дар робита ба ин, 4-уми августи соли 2020 коршиносони соҳаи ҳуқуқи башари СММ аз Ҳиндустон ва ҷомеаи байналмилалӣ даъват карданд, ки барои ҳалли вазъияти ташвишовар бо ҳуқуқи инсон дар Ҷамму ва Кашмир вобаста ба «таҳқиқи ҳама ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла куштори ғайрисудӣ, нопадидшавии одамон, зӯроварӣ, шиканҷа ва боздоштҳои худсарона» чораҳои фаврӣ андешанд. Мардуми Покистон барои изҳори ҳамбастагӣ бо бародарони кашмирии худ сабабҳои зиёди қонунӣ ва аслӣ доранд, зеро онҳо бо робитаҳои мустаҳками динӣ, ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ алоқаманданд. Покистониҳо ва кашмириён баҳси Кашмирро ҳамчун рӯзномаи нотамом барои Нақшаи тақсимот ва муборизаи озодихоҳии мардуми Ҷамму ва Кашмир ҳамчун қисми ҷудонопазири ҳаракати Покистон меҳисобанд. Конфронси мусулмонони Ҷамму ва Кашмир дар ҷаласаи худ дар Сринагар 19 июли соли 1947 қатъномаеро қабул карда, дар он эълон карда буд, ки музофоти Ҷамму ва Кашмир бояд қисми Покистон шаванд. Шумораи кашмириҳое, ки аз соли 1947 аз қаламрави таҳти назорати Ҳиндустон ба Покистон муҳоҷират кардаанд, садҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин аз робитаи қавии кашмириҳо бо Покистон шаҳодат медиҳад. Муҳаббати кашмирӣ дар он зоҳир мешавад, ки мардуми водии Кашмир шиорҳои «Зинда бод Покистон!” ва “Мо мехоҳем ба Покистон равем!»-ро зиёд ба забон меоранд. Кашмириён дар рӯзҳои миллии Покистон парчами Покистонро баланд мекунанд, дар ҳоле ки рӯзҳои Ҳиндустон ҳамчун рӯзҳои мотам эълон мешавад.
