Дар соли 2025 бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 72 ҳазор 437 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор 760 ҳолат кам мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода хабар дод.
Ба маълумоти Бунафша Файзиддинзода аз ин шумора, 603 ҳолати бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар асоси қарори суд, яъне кам кардани сини никоҳ аст, ки нисбат ба соли 2024 168 ҳолат кам мебошад. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар давраи ҳисоботӣ 8 ҳазор 535 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 567 ҳолат кам аст — гуфт раиси Кумитаи мазкур Бунафша Файзиддинзода.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин давра теъдоди кӯдакони ноболиғ аз бекор кардани ақди никоҳ 7 ҳазор 385 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2024 1011 нафар кам мебошад. Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки қайди давлатии муқаррар намудани падарӣ дар соли 2025 бо теъдоди 46 ҳазору 506 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 1 ҳазору 998 ҳолат кам аст.
Сураё Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
