ДАРСОЛИ 2025 САТҲИ ҶИНОЯТҲОИ МАРБУТ БА МАВОДИ НАШЪАОВАР ЗИЁД ШУДААСТ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 138 ҷиноят, вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар намудҳои ҷиноят, ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2024, 19 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2025 аз ҷониби кормандони Агентӣ 279 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардида, 303 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳаҷми ҷаримаҳои ситонидашуда 492 ҳазору 850 сомониро ташкил медиҳад. Директори Агентӣ Зафар Самад зикр намуд, ки дар ҷумҳурӣ 4014 нафар беморони гирифтори бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 110 нафар занонмебошанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҷорӣ Агентӣ бо мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия 2 амалиёти муштарак ва бо Ҷумҳурии Қирғизистон 1 амалиёти муштарак анҷом додааст. Дар натиҷаи ин амалиётҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ 95 килограмму 250 грамм маводи нашъаовар мусодира гардидааст.

Баиттилои масъулони соҳа, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 40 нафар нашъаманд рост меояд. Дар анҷоми нишасти матбуотӣ, дар бухории махсус ва дар ҳузури комиссияи дахлдор ва намояндагони васоити ахбори омма, беш аз 315 килограмм маводи нашъаовари мусодирашуда нобуд карда шуд.

Муҷиддини Сайфиддин

радиои “Тоҷикистон”