Коҳиши парвандаҳои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон

Мувофиқи маълумоти  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  баррасӣ гардидааст, ки нисбати ҳамин, давраи соли гузашта 138 ҳолат кам мебошад. Аз ин теъдод вобаста ба 1268 ҳолат ҷазо таъин гардида, 29 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шудааст. Чунин иттилоъ дода шуд имрӯз зимни нишасти хабарии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти раиси Кумитаи мазкур, Сулаймон Давлатзода, маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 7 миллиону 028 ҳазору 808 сомонӣ руёнида шудааст.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Тоҷикистон, Гулрӯ Ниёзова Дар соли 2025 дар асоси 1116 дархост 3866 номгӯи адабиёти динӣ ва 4313 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, инчунин сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохилӣ 1038 адад фита, 71 адад телефони мобилӣ, 12 адад флешкорт ва 1 адад ноутбук мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шудааст. Аз ин теъдод ба 708 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротӣ хулосаи манфӣ ва ба 408 дархост хулосаи мусбат дода шудааст.