Аз ҷониби 173 корхонаҳои саноатӣ дар соли 2025 новобаста аз шакли моликият ва бо тобеъияташон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бо дарназардошти сектори ғайридавлатӣ ба 1 миллиарду 7 миллиону 818 ҳазору 600 сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 270,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 130,7 фоизро ташкил медиҳад. Чунин иттиллоъ дод, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Олимзода ба намояндагони ВАО-и кишвар. Ба иттилои Раиси ноҳия, дар ин давра таъсиси ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда, дар маҷмӯъ 9376 ададро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо 8126 адад ва аз ҳисоби соҳибкорон 1200 ҷойи корӣ таъси дода шудаст.
Вобаста ба зиёд шудани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон аз ҷониби масъулин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳия дар ин давра дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба таъмини волоияти мубориза ба муқобили ҷинояткорон, муътадил гардонидани вазъ, таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятҳои вазнин, дастгир кардани ашхоси ба ҷиноят дастзада ва ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Бо вуҷуди пешгирии ҷиноятҳо дар соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 975 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2024 54 ҷиноят зиёд мебошад.
Аз ҷониби ноболиғон ва ё бо иштироки онҳо 49 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 54 ҷиноят зиёд мебошад.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
