НАЗОРАТИ БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техника, ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон ва таъмини ченаки ягона дар соли 2025 корҳои мушаххасро ба сомон расонидааст — зикр намуд муовини  аввали директори агентӣ Раҳмоншо Мирзоён  зимни нишасти матбуотӣ.

Дар самти назорати бозори истеъмолӣ дар соди 2025 1 228 546 кг (соли 2024-ум 1011 801 кг) маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгў набуданд, ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, дар озмоишгоҳҳои Агентӣ 18 896 кг маҳсулоти гӯштӣ, 104 258 кг равғани растанӣ, 6769 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12305 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 3159 кг маҳсулоти қаннодӣ,  1939 кг консерва, 166 470 кг намак, 4323 кг меваи хушк, 6405 кг чой, какао, 51 915 кг орд, 255 153 кг маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №915 аз 10 январи соли 2025 дар бораи эълон намудани мораторий ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ» аз 11 феврали соли 2025, №2142 ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ гардид.

Дар робита ин, дар рафти гузаронидани вохӯрӣ ва семинар машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозони савдо ва ҳимояи ҳуқуки истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд, ки дар маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Аз он ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост 585 635 кг  маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиаш гузашта буд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.

Дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ мебошад, дар соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди содирот корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектҳои истеҳсолӣ  вусъат дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ 3048 корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба талаботи регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва стандартҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуд. Дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ мутахассисон субъектҳои хоҷагидорро бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ (регламентҳои техникӣ, стандартҳои байнидавлатӣ) таъмин намуданд.

Дар ин замина, санаи 22 май бо иштироки масъулини коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти ширӣ, санаи 27 май бо масъулини коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти чопӣ, 23 июл бо масъулини коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти  истеъмолӣ  гузаронида шуданд.

Дар самти таъминоти метрологии воситаҳои ченак бо мақсади татбиқи қонунгузории соҳаи таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ дар соли 2025 аз ҷониби мутахассисон дар 766 корхона ва муассисаҳои давлатӣ корҳои фаҳмондиҳӣ гузаронида шуда, дар натиҷа аз 276 390 адад воситаҳои ченак 120 069 ададаш бо сабабҳои муҳлати санҷишашон гузаштан ва ё таъмирталаб будан, корношоям ҳисобида шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона давоми соли 2025 дар озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки Агентӣ 550 211 адад воситаҳои ченак аз санҷиши эътимоднокии давлатӣ гузаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111 745 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 444 245 воситаҳои ченаке ташкил медиҳанд, ки ҳангоми баҳисобгирии захираҳои сӯзишворию энергетика истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботи 382 360 адад ҳисобкунаки барқ, 4734 адад сутунчаҳои тақсимоти сӯзишвории нафтӣ, 2443 адад сутунчаҳои гази моеъ, 442 адад автосистернаҳо ва 161 адад махзанҳои нигаҳдории сӯзишвории нафт (резервуарҳо) аз санҷиши мутобиқат ва андозагирӣ гузаронида шуданд.

Дар робита ба санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ бояд қайд кард, ки бо мақсади ҳарчӣ бештар кам кардани талафоти барқ дар ҷумҳурӣ ва татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани санҷиши ҳисобкунакҳои барка Агентии Тоҷикстандарт дар якҷоягӣ бо ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нақша-ҷадвали санҷиши эътимоднокии давлатии ҳисобкунакҳои барқӣ барои соли 2025-ро таҳия карда шуд.

Ш. Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”