Ҳанӯз аз даврони хеле куҳан аз давроне, ки забонҳои авестоию форсии қадим аз як тараф ва ведию санскритӣ аз тарафи дигар аз ҷиҳати сохти грамматикию захираи луғавӣ умумият доштанд дар парастиши оташ, дар таҳияи нӯшобаи муқаддаси ҳаома (ба ҳиндӣ сома) (нӯшобаи оташбор – Ҷ.А), дар эътиқод ба сухани ҳакимона ва сеҳрангези мантра аз якдигар қариб тафовуте надоштанд.
Умумияие фаровоне метавон дар зиндагиномаи мардуми қадим пайдо кард, хосса дар ҳунар, барзгарӣ ва анъанааҳои ба шуғлҳо марбут. Аз сабабе, ки ҷомеа аз тоифаҳои хешу табор таркиб ёфта буданд аз ҳуқуқҳо баробар бархурдор мешуданд. Нобаробарии иҷтимоӣ низ вуҷуд дошт, ки гурӯҳе ҳуқуқи озодӣ надоштанд, аз ҷумлаи мутеъон. Ҷомеаи комилҳуқуқро коҳинон, аристократияи ҳарбӣ ва озодон (чорводорону кишоварзон) ташкил медоданд. Дар ибтидо аристократияи ҳарбӣ давлатдорони (хшай ва кшатра –шоҳ) нахустин буданд. Дар анъанаҳои қӯҳан (эрониву ҳиндӣ) ҳар гурӯҳи иҷтимоӣ ба яке аз табақаҳои коинот (коҳинон ба осмон, аристократия ба фазои миёни замину осмон – муҳити худои ҷанг ва озодон ба замин) марбут буда, рангеро барои худ баргузида буданд. Чуноне коҳинон ранги сафед, аристократия ранги сурх ва озодон сабзро. Гумони ғолиб ҳамин аст, ки дар ибтидо ҳар тоифае барои худ иде баргузор мекард, ки таамулу вижагиҳошонро мунъакис кунад. Бояд дар ибтидо истиқбол аз оташ ба аристократияи ҳарбӣ – вобаста ба ранг ва шуғлашон тааллуқ дошта бошад. Сухан аз сурхии оташ ва ҷанг — эзиди он Миррих меравад, ки оташбор аст.
Ҳамин қабилаҳо, ки аз марзҳои ҳинд то баҳри Миёназамин барои зиндагӣ баргузида буданд бо номи ориёиҳо ёд мешуданд. Ва умумияти забони ва ҳудудиро Б. Ғафуров “ваҳдати воқеии таърихӣ” меномад. Ҳар куҷое гом бардоштанд муҳри орӣ дар тафаккур ва шуурашон монд. Чуноне унвони орӣ дар Модҳо бо номи аризонтҳо ва алланҳо низ зада шудааст.
Андешаҳои пажуҳишгарони Шарқу Ғарб дар заминаи мадракоти археологӣ ва катбӣ бар онанд, ки тираҳои эронӣ дар охири ҳазораи 11 ё, дастикам дар ҳудуди ҳазораҳои 11-1 пеш аз милод ба Эрони Ғарбӣ муҳоҷират ихтиёр намуда, дар ибтидои ҳазораи 1 то милод дар ҳамин сарзамин паҳн гардида, мавқеи эламиҳо, лубубиҳо ва касситҳоро танг намуданд.
Ҳамин андешаро дар заминаи афкори олимони шинохта ва маводи бостоншиноси академик Бобоҷон Ғафуров тарафдори намуда, аз ҷумла менависад, ки: “…Қадимтарин маҳалли иқомат ва маркази асосии паҳншавии тоифаҳои эронӣ Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамҳудуди шимоли он буданд… Баъдҳо бар асоси халқиятҳои шарқиэронии Осиёи Миёна, пеш аз ҳама, бохтариён, суғдиён ва ба дараҷаи камтар дигар ҷузъҳои таркибии нажодӣ, халқи тоҷик ба вуҷуд омад.”
Бо ин метавон исрор кард, ки ватани зуҳури Митроизм, Зардуштия ва оину одати ҷашн овардан ин ҷост. Дар баробари ҷашнҳои дигар дар Эрон шаби Чиларо (бо ҳамин ном, ҳарчанд ки сирф тохаристонист) низ бо навъи хос ид мегузоранд. Ҳамон зайле, ки дар мост ва илми астрономия муқаррар намудааст 21 ба 22 юми декабр ва аввали Дайро рӯзи кутоҳтарин ва шаби дарозтарин мешуморанд. Сухан аз ин қонуни нуҷумӣ нест, балки аз ном ва оини баргузорӣ меравад. Ва бештари пажуҳишгарон ба моҳияти Ялдо расиданро 7 ҳазор сол шумурдаанд. Бо ҳамин ном шояд шаби дарозтаринро намедонистанд, вале ба номи дигар аз замони рушду равнақи Бохтар бояд дониста бошанд. Ҳисоби мардумии Чилаи калон (40 рӯз) ва хӯрд ( 20 рӯз, дар тобистону зимистон) ва чанд нишони дигар моро водор мекунад, ки сари гоҳномаи (тақвими) вижаи кӯҳманзар биандешем. Ҳар чизе, ки дар он ҳаст марбути офтоб аст, на моҳтоб. Вале ин андеша пажуҳиш мехоҳад. Ҳарчанд таърих гувоҳӣ медиҳад, ки эътимод бар офтоб бештар буд, чи моҳ ҳама вақт ба як сурат набуд ва гоҳе ҳам нопадид мегардид.
Хуб ҳам будааст, ки ориёиҳои куҳан ҳисобро аз рӯи гардиши моҳ дурӯғ мепиндоштанд. Онҳо рӯзро фосилаи тулуъ ва ғуруб меҳисобиданд. Мардумони огоҳ ҳанӯз дар асри VII то милод дарозиву кутоҳии моҳу соли қамариву хуршедиро дарк намуда буданд. Ва низ хуб медонистанд, ки ҳаёт дар рӯи замин ба офтоб вобаста мебошад ва омилаш миқдори рушанӣ ва гармӣ, ки аз кунҷи афтиши нурҳо ба сатҳи замин пайвандӣ дорад. Дар табиат “чор гардиш”-и (tropai) хуршед ба ҳисоб гирифта шудааст: ду инқилоби офтоб (ба таъбири халқ – “Офтобдархона”): ду ҳолате, ки офтоб дар аз ҳама нуктаи балантаринро аз сатҳи замин дар эклиптика ишғол мекунад ва ду ҳолати баробарии шабу рӯз, ки нуктаи буриши эклиптика хати устуворо намоён менамояд.
Мувофиқати тақвими табии, ки танзими ситораҳоро бо офтоб ва ҳисоби солшумори инсон ба вуҷуд овардааст, тақсими ҳаракати солонаи хуршедро миёни ҷирмҳои беҳаракат дар фосилаи 12 пораи баробар бо шумораи моҳҳои қамарӣ муқаррар мекунад. Онро дар муҷмуъ бурҷ мегӯянд. Ҳаракати офтобро миёни бурҷҳо бобулиҳо, тақрибан дар соли 500 то милод мушоҳида намуда, ҳар фосила ё пораро ба 30 дараҷа қисмат карада буданд. Сол бо ҳисоби табии аз бурҷи Барра (Овен) оғоз меёбад, ки баробарии шабу рӯз аст. Бо воридшавии офтоб ба бурҷи Саратон тобистон, ба Мизон тирамоҳ ва ба Ҷаддӣ зимистонро муқаррар мекунанд. Ин як навъи муайян кардани фаслҳои сол мебошад.
Бештари олимон дар андешаанд, ки ҷашнвораҳо ба хотири ҷудо кардани мавсимҳои сол аст. Дар ин сурат нуктаи асосӣ сари шаби Чила қарор мегирад. Ин гуна ҳисоб аз таҷрибаи халқҳои қадим аст. Аз сабабе, ки дар Бобул ду ид, яке Акиту дар моҳи Ташрит ва дигаре Ниссан вуҷуд дошт, 6 моҳ дар тақвим ҷой гирифта буд. Гесиод низ ҳамин нуктаро тасдиқ мекунад, ки гоҳшуморӣ барои муқаррар намудани фаслҳои сол буд, ки бунёдаш ба зироаткорӣ мекашид. Мувофиқи ҳисоби бобулиён фасл аз шаш моҳ иборат буд. Боз ҳамон фикр дар бораи ҳисоби хоссаи хеле куҳан ба сар меояд.
Дар ҳамин раванд чуноне, ки гузашт ҷашни Сада ва шаби Ялдо (Чила) иртиботе бо зардуштия надорад. Гумон меравад, ки бештар ба Митроизм пайвандӣ дошта, пасон ба сафи эзидони зардуштӣ ворид шудааст. Шояд қабл аз Митроизм низ бошад, вале комилан иттилоъ надорем. Агар ба моҳрӯзи куҳан таваҷҷуҳ зоҳир намоем, мувофиқи асноди таърихӣ бармало мешавад, ки тақвими зардуштӣ, ҳамоне ки ба Эрони Ғарбӣ рафта буд, ба дарбори Ҳахоманишиён роҳ ёфт. Ва мувофиқи тадқиқоти С. Тағизода, дар заминаи ахбори Абурайҳони Берунӣ, зикри гоҳшумории зардуштӣ дар империяи Ҳахоманишӣ дар соли 441 то милод ба назар мерасад.
Қисмате аз пажуҳандагон дар фикранд, ки ибтидо аз тақвим ва анъанаҳо идвора ба эрониён аз Бобулиён ва Байнаннаҳрайн расидааст. Беҳтар мебуд аз таъсири мутақобила сухан мерафт. Мувофиқи пажуҳишҳои Крамер ва Оппенхейм фарҳанги Байнаннаҳрайн бештар хосиятҳои материалӣ дорад ва ба ҳаёти рузмарраи мардуми минтақа алоқаманд аст. Дар онҳо сирф сифатҳои устувори маънавӣ, руҳонӣ, равонӣ ва ба олами улвӣ пайваст будани инсонҳо вуҷуд надорад. Чуноне ки аз “Фар”-и эрониён бармеояд.
Аз асароти мутақобила низ сухан гуфтан ҷоиз ат. Чуноне дар сарзаминҳои паҳновар роҳ ёфтани тираҳои ориёӣ ҳодисаи маъмули аҳди қадим буд. Аз навиштащои хатти мехии бобулӣ ва папирусҳои оромӣ маълум мегардад, ки дар замони Ҳахоманишҳо муғҳои эронӣ ба Бобул ва Миср рафта, маросимҳои диниро ба ҷо меоварданд. Он қадар оини зардуштӣ дар Ғарб маъмул буд, ки пораҳои асари Арасту андар боби муғон то замони мо расида, муаррихон Ксанф (а. У, муаллифи лидӣ), Берос (бобулӣ), Плутарх, Диоген (юнонӣ) ва даҳҳои дигар дар бораи Зардушт ва оини он асар эҷод кардаанд. Яъне натиҷаи таъсири кутоҳмуддат на, балки тулонист.
Бештари аснод барои ҳамагон рушан шудааст. Ҳарчанд маълумот ва пажуҳишҳо дар мавриди Сада дар Ирони Шарқӣ ва Ғарбӣ махлутиҳои фаровон доранд, ман андешаи қаблиро тақвият медиҳам, ки пайдоиши маросим ё ҷашн ба Шарқи Эрон, яъне Бохтар ва пасон ба Тахористон тааллуқ дорад. Сабабу омилҳояшро гуфтем. Шояд дар даврони Ҳахоманишҳо вуҷуд дошта буд, ки ба аҳди Ашкониён расида. Зеро Митроизм, қаблан оини муштараки халқҳои эронӣ буд. То он замоне, ки аз ҳам бо масофат фосила гирифтанд. Ва бояд, ки портҳо анъана ва урфу маросими Садаро бо худ бурда бошанд, ки ақвоми Доҳӣ ва Парниҳои соҳилҳои рӯди Ому буданд, ки ба Ғарб кӯч бастанд. Ба ҳам наздик будани Ашкониён бо қавмҳои дигари Осиёи Марказӣ дар як ривояти таърихӣ, ки аз Ктесий паҳн шудааст, дайн мешавад. Сухан аз қиссаи Заррина маликаи сакоӣ ва ҷанговари модӣ Стриангей меравад. “Дар он нақл карда мешавад, ки Заррина пас аз фавти шавҳараш – подшоҳи сакоӣ ба Мармар ном ҳокими вилояти портҳо издивоҷ мекунад. Подшоҳи мулки Форс ба муқобили Мармар лашкар мекашад.” Хулосаи қисса ин аст, ки дар муҳорибаи рӯ ба рӯ Стриангей ҷанговареро аз асп меафканад, ки ҳамон Заррина буд. Дар ҳусну ҷамолаш мафтун шуда, ӯро раҳо мекунад.(Қиссаҳои маъмул аз ривоятҳои ориёӣ). Пас аз муддате Стриангей асири шавҳари Заррина мегардад. Зани дилбохта бо ёрии асирони раҳо намудааш шавҳарашро кушта ба Стриангей мерасад. Ва ҳамзамон санадҳои дигар: эпоси мардумии “Гӯрғулӣ” дар сурати “Пури Гӯр” ва “Гӯрзод” ва жанри созию овозии “Фалак” (“Фаҳлавиёт”), ки қаблан перомунашон гуфта будам, ба мо имконият медиҳад аз қариниятамон бо онҳо дилпурона сухан бигӯем. Дар сарчашмаҳо аз бахши толори бузурги оташ дар қалъаи Меҳрдодкирд ва атуршпат (“омири оташ”) Спосак маълумот дар даст дорем.
Дар ин замина хидмати Ҳахоманишро набояд нодида гирифт, ки ба синтези фарҳангии халқҳо дар сарзамини пурвусъат замина гузоштанд. Умумияти фаровоне дар парастиши муқаддасоти ақвоми ориё дар Шарқу Ғарб ва Аврупову Африқо ба ҳамин сиёсат бастагӣ дорад. Чуноне парастиши офтобу оташ ва урфу маросимҳои зиёд дар баробари омилҳои дигар ба ҳамин амали ниёгонамон дар робита мебошад. “Ҳанӯз дар асри У пеш аз милод дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рум парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои Британия расида буд.” Дар бештари шаҳристонҳо муҷассамаи Аноҳита қомат афрохта, мубадони эронӣ дар Бобулу Миср маросимҳои динӣ адо мекарданд.
Дар аҳди Сосониён манзара дигаргунтар аст. Сосониён аз гузаштагони этникии худ — ҳахоманишҳо ва ашкониён дар кори дин таҷриба ғун карда буданд. Аз ин овон, гумон мекунам, ки Сада ба оину кеш пайвандӣ ёфта бошад. Ва низ пасон шарҳ хоҳем дод, ки ҷашнвораҳо ба хотири талқину тарғиби оини Зардуштӣ силоҳи муқтадир буданд. Зеро дар ин аҳд ҷойгоҳи дин ба дараҷае расида буд, ки натиҷааш дар ҳамон шиори маъмули “Тахт такягоҳи меҳроб ва меҳроб мутаккои тахт аст”, рушан мешавад.
Бино ба пажуҳиши В.Г. Луконин дар фарҳанг, ҳунар ва иҷтимоиёти Эрон дини Зардуштӣ ва мӯбадони он таъсири бузург доштанд, ки дар ҷомеаҳои дигари эронӣ ба мушоҳида намерасид. Дар соли 955 буид Абдудавла ба катибаҳои вайронаҳои Персеполис ба василаи мӯбади маъбади оташи Козерун Морасфанд ошно шуд, ки ба забонҳои форсии қадим, паҳлавӣ ва юнонӣ ҳак шуда буданд. Маъбади Козерун аз оташгоҳҳои оини Зардуштӣ буд ва ҳангоми ҷашну маросим истифодаи паҳновар дошт.
Асноди хеле муҳим натиҷаи пажуҳишҳои экспедитсияи бостоншиносии Амрико дар наздикии Истахр дар Нақши Рустам ба шумор меравад. Ба қавли В.Г. Луконин ин минтақа як навъ осорхонаи зиндаи таърихи пуршарафи Эрон аст. Чуноне зикраш рафт Абдудавла онро “Ганҷури мактубҳо” номида буд, ки “Дижи напишт” низ хонда мешавад. “Дижи напишт” ганҷури ҳуҷҷатҳои расмӣ, қоидаву аркони дин ва феҳристӣ китоби муқаддаси Авесто мебошад. Қарин ба он дахмаи шоҳони ҳахоманишӣ воқеъ аст, ки бо унвони “Каъбаи Зардушт” иштиҳор дорад. Аз аҳди қадим аз зумраи парастишгоҳҳост. Тасвири он дар сиккаҳои шоҳони Форс, ҳамчун нишони арҷгузорӣ ва эътиқод аз асри 111 то м. то асри 111 милодӣ нақш меёфтанд. Дар паҳлу ё гӯшае, гоҳе тасвиру рамзи худои олии рушанӣ ва некӣ Аҳурамаздо ҷой дода мешуд. Ба тахмини В.Г. Луконин ҳамон маъбади оташ буд ва ё маъбади эзиди занону обу фаровонҳосилӣ Аноҳита, ки аз қадим бо оташи муқаддас тавъам буданд. Зимнан, дар бовару шуури эрониёни қадим обу оташ аз ҳам ҷудо нестанд. Ва эзидонашон ҳам паҳлуи ҳам зикр мешаванд. Бар идомаи мулоҳизоти қаблӣ бояд қайд кунам, ки дар сиккаҳо тасвири эзиди дигари Зардуштӣ Митра маъмул буд, ки дар аҳди Кушониён ривоҷ дошт. “Дафинаи Амударё” дар Тоҷикистони ҷанубӣ (ёдгории Тахти Сангин) ҳамин гуна аснодро дорад. Дар баробари маъбади Оахшо – ба иззати рӯди Вахш, дар дили ёдгорӣ маъбади оташ вуҷуд низ дошт. “Аз рӯи ҷизҳое, ки ба таркиби ба истилоҳ “Дафинаи Амударё” дохил мешаванд, яъне аз рӯи маҷмаи миқдори зиёди ашёи заргарии, асосан, аз симу зар сохташуда (ҳамагӣ 180 адад, аввалҳо зиёдтар будааст) ва низ пулҳои тилло ва нуқра дар бораи дараҷаи тараққиёти пешаи санъатварӣ дар Бохтар фикру мулоҳиза рондан мумкин аст.”
Он чи дар мавриди парастиши эзиди Аноҳита гуфта шуд, чи дар Осиёи Марказӣ ва чи марзҳои Эрони кунунӣ фарқият зиёд нест. Дар ҳар ду самт ба арҷ ниҳодани Ардависура Аноҳита тамоил вуҷуд дошт. Агар “Каъбаи Зардушт” иртиботе бо ин илоҳа дошта бошад, пас дар Тахти Сангин низ муқаддасоти оташу Аноҳита рушани рушан аст. Зеро Р. Гиршман муътақид аст, ки “…дафинаи Амударё як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Аноҳита аст, ки эҳтимол дар вақти ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ва ё Салчуқи 1 хароб гардида бошад.”
Дар Тахти Сангин ба ҳам омадани маъбадҳои обу оташ ва эзиде, ки вакили ду муъҷизаи бузург аст ва низ дар Эрон чунин мушоҳида мешавад, мулоҳизаи дигарро ҳосил мекунад. Ҳамин ҳолат дар шаҳри қадими Карон эҳсос мегардад. Дар Карон оташгоҳ ва маъбади об кашф гардид, ки тавъам будани обу оташ ва парастиши яксони онҳоро намоиш медиҳад.
Чуноне гузашт дар аҳди Сосониён дини Зардушти мақоми олиро дар ҷомеа ба даст овард. Бо ин сабаб ҷойгоҳи мӯбадони зардуштӣ боз ҳам устувортвр гардид. Аз ҷумла муғпат Картир афзалиятҳои зиёд дошт. Бо истифода аз он мавқеи динро мустаҳакамтар кард ва шумораи маъбадҳои оташро зиёд намуд. Маблағу маросими қурбониҳо дар итоати ӯ буданд. Дар замони шоҳаншоҳии Шопури 1 Картир маъбади бузурги оташро бино намуд ва дар аҳди Ҳурмузд Ардашер соҳиби “кулоҳу камар” шуд, ки нишонаи балантар гардидани мартабаи ӯ буд.
Дар “Динкард” (ба андешаи В.Г. Луконин банду басташ ба асри 1Х рост меояд) аз ҳирбад ё Номаи муғпат Тусар (Тансар) ёд мешавад, ки шореҳи “Авесто” буд ва дар сиёсат нақши барҷаста дошт. Дарвоқеъ, қонуну қоидаҳои иҷтимоии даврони Сосонист, ки пас аз Авесто ва Катибаҳои Кӯҳи Бесутун пураҳамият буда, бо унвони “Номаи Тансар” дар баробари “Худойномак” аз тарафи ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шудаанд. Онҳо буданд, ки дар сиёсати давлатдорони Сосонӣ таъсир мегузоштанд.
Бино ба навиштаи В.Г. Луконин дар мағзи Шопур андешаи ғалатӣ давр мезад, ки барои тамоми Ғарб дини ягонае бисозад. Ин идеяро Картир пешво буд. “Мувофиқи маълумоти муаррихи бобулӣ Беросс Ардашери 11 муҷассамаи илоҳа Аноҳитаро барои эҳтиром дар Бобул, Шуш, Экбатон, Истахр, Бохтар, Димишқ ва Сардаҳ гузошт.” Вале бо дастовардҳои пай дар пайи ҷангӣ нақша ва ғояи тоза: эроникунонии сарзаминҳои забткарда ба ҷойи аввал баромад. Барои тезтар амали кардани ҳадафҳояш дар ҳар ҳаракаташ Шопур мӯбадонро бо худ ҳамроҳ мебурд.
Ба василаи дигар мӯбадон дар паҳлӯи шоҳону волиён буданд. Аз қавли манбаҳои таърихӣ чанд дар Эрон хушксолӣ воқеъ шуд. Бо ҳамин иллат Фирӯзи Анушервон аз мардум хироҷ наситонд. “Ва дарҳои хазинаи худро кушоду аз молҳое, ки ба оташкадаҳо тааллуқ дошт, ҳар кас мехост, бад-ӯ вом медод. Ва тамоми он молҳоро ба мардуми Эрон дод… Ва дар ҳамаи ин чанд сол, ки қаҳту гаронӣ буд, касе аз гуруснагӣ намурд.”
Манзур аз ахбор дар бунёди маъбадҳои оташ дар сарзаминҳои паҳновар ҳамон ғояи зардуштии муборизаи рушанию накӯӣ, ростиву дод бар торикию зулмот ва дуруғу бедодӣ буд. Сарчашмаи асосӣ таълимоти Зардушт муборизаи ду нерӯ Аҳурамаздо ва Аҳриман ба шумор мерафт. Дар сарчашмаҳо дар бораи ҷашнвораи Сада ва оину маросими он ба дурустӣ ва рӯйирост каманд, вале мантиқи таърихӣ имкон медиҳад дар ин хусус ҳарф бизанем. Зеро арҷ ниҳодани оташ дар бунёди маъбадҳо намоён мегардад. Ва мӯбадон дар нигаҳдорӣ, иҷрои урфу одатҳои муқаддас донистани оташ, қурбониҳо ва дигар анъанот масъул буданд. Шояд амалҳое буданд, ки ҳар рӯз иҷро мешуданд. Зеро дар оини Зардуштӣ ҳар рӯз рӯзӣ офтобу оташ буд. Бе мавҷудияти онҳо ҳаёт сарду хомӯш мегардид. Ё шояд навиштаҳое дар бахши маросими Сада дар аҳди қадим аз миён рафтаанд, ё ба дасти мо нарасидаанд. Дилгармимон аз он аст, Ҳаким Фирдавсӣ ва дигар донишмандон бо манбаҳои пешин ошно буданд, ки аз мавҷудият ва густаришаш ёдоварӣ карданд.
Асрориён Ҷонибек Одилпур
номзади илмҳои таърих, дотсент,
мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики
факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
АСРОРИЁН АНУШЕРВОН ҶОНИБЕК
ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии
факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон / Tajik National University
