7 медали хонандагони тоҷик аз як олимпиадаи байналмилалӣ

Хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи XXII байналмилалии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва информатика – «IzhO-2026» 7 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Олимпиада аз 10 то 15 январ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он 4 даста, иборат аз 28 хонанда иштирок намуд. Дастаи Тоҷикистон дар натиҷаи рақобати илмӣ байни 16 давлат ва 731 иштироккунанда сазовори 7 медал гардид, аз ҷумла 1 медали тилло аз фанни физика, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ аз фанни математика.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».

Маҳз  ғамхории пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёдтар иштирок менамоянд.

Ин дастовард нишони он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар мегардад. Хонандагони тоҷик бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё оид ба фанҳои табиӣ-риёзӣ рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.