Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бомаром идома дорад

Дар асоси ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сарсабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе  имрўзҳо маъракаи ниҳолшинонӣ дар 4 — ноҳияи пойтахт бомаром идома дорад. Чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди н. Синои шаҳри Душанбе вусъат ёфта, то имрўз аз  ҷониби кормандони Муассисаи давлатии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи мазкур зиёда аз 21 ҳазору 400 бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва буттадарахтон шинонида шудааст. Раванди маъракаи ниҳолшинони аз ҷониби МД-и истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришхои МИҲД–и ноҳияи мазкур ва ҳамзамон дар асоси супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин хусус  Аҳлиддин Тураев муовини сардори МД-и истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Ба маълумоти манбаъ, чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар фасли зимистону баҳор инчунин ҷиҳати нигоҳ доштани экосистема, ҳифзи муҳити зист дар маҷмӯъ ҷиҳати эълон гардидани соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ муҳим ва саривақтӣ буда, дар ин самт аз ҷониби масъулин пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

Инчунин дар доираи тадбири экологӣ дар баробари масъулин сокинони ноҳия низ фаъолона иштирок намуда, дар ободу зебо гардонидани ҳудуди ноҳия саҳми арзанда гузоштанд. Масъулин соҳа ҳадафи маъракаи саросарии ниҳолшинонӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанберо пеш аз ҳама ба беҳтарсозии муҳити зист, зебоии маҳал ва афзоиши сабзазорҳои ноҳия ва ҳамзамон татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера арзёбӣ менамоянд. Дар раванди татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» соли 2026 дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия пайваста ҳашари ниҳолшинонӣ  гузаронида мешавад.

О. Шарипова

Радиои “Тоҷикистон”