Аз ҳаёт ва рӯзгори пурсаодати як оилаи беҳтарин аз шаҳри Норак
Оила дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас ба шумор меравад. Зеро олитарин арзишҳои инсонӣ аз қабили меҳру муҳаббат, иззату эҳтиром, ҳамдигарфаҳмиву боварӣ ва сабру таҳаммул маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Ба хотири шиносоӣ бо чеҳраҳои нав ва оилаҳои беҳтарин роҳ пеш гирифтем ба шаҳри Норак. Тамошои табиати зебои кишвари биҳиштосо ва роҳҳои ҳамвор, ки самараи истиқлолияти комили кишваранд, моро ба зиндагии пурнишот ва оилаву оиладорӣ боз ҳам дилгарм мекард. Мо меҳмони оилае гаштем, ки ҳаёти шоистаашон барои навхонадорони имрӯза мактаби зиндагӣ аст. Раҳматулло Қосимов бо завҷаи меҳрубонашон Ҳафиза Қосимова тӯли 50 сол ҳаёти устуворона доранд.
— Падари иззатманд, мехостем бифаҳмем, ки аввалин шиносоии шумо кай буд?
«Аввалин шиносоии мо бо оилаам рӯзи никоҳ соли 1976 дар шаҳри Қурғонтеппа сурат гирифта буд. Интихоби падару модарам буд. Онҳо дар интихоб хато накардаанд. 50 сол мешавад, ки зиндагии оромона, ҳаёти хуб дорем. Соҳиби 5 фарзанд ҳастем. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ, касбу кор ва ҳаёти мустақилона ҳастанд. Зиндагии осоишта доранд. Ман ба кадом мартабаҳое расидам, аз дастгириҳои пайвастаи ҳамсари меҳрубонам буд. Ва имрӯз бениҳоят хушбахтам».
— Ана ҳамин сирри хушбахтии оилавии шумо дар чӣ аст, модари азиз?
«Дар зиндагӣ ҳамеша пурсабр будам. Иззату эҳтироми шавҳар, падару модарашро ба ҷо меовардам. Кӯшиш мекардам, ки ягон маротиба ҷанҷол нашавем. Зани оромтабиатам. Бисёр гап заданро дӯст намедоштам. Гаправу якрав набудам. Ҳамеша ба гапҳои шавҳарам гӯш медодам. Фарзандонро хуб тарбия кардам. Пайваста дар фикри бунёди оилаи солим будам. Имрӯз зиндагии хуб дорем».
— Имрӯзҳо ҷудо шудани оилаҳои ҷавон аҳлии ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Сабабҳои ноустувории оилаҳо ва пароканда шудани онҳо, ба андешаи шумо, дар чи аст?
«Падару модарон фарзандони хешро ба ҳаёти оиладорӣ омода накардаанд. Ва фарзандон низ соҳибмаълумот нестанд. Чиро ёд додаанд, ҳамон тухмпазиро! Он сабре, ки мо доштем, имрӯза навхонадорон надоранд. Бо андак нофаҳмиҳо роҳи ҷудоиро меҷӯянд. Баъзан сабаби ҷудо шудани оилаҳо волидони духтар низ мешаванд. Ба ҷойи он ки насиҳат кунанд, мегӯянд, ки ман ба шумо ғулом додаам. Инчунин, хушдоманҳо низ сабабгори ноустувории оилаҳо мешаванд. Ба келинҳо бояд бо муомилаи хуб зиндагидориро омӯзонанд».
— Мехостем аз ҳаёти арӯсии худ қисса кунед!
«Ман аз шаҳр будам, дар деҳа шавҳар кардам. Субҳи барвакт аз хоб мехестам. Ҳавлӣ меруфтам. Гов меҷӯшидам. Зимистон буд, дар даруни хона алов мекардам. Хӯроки саҳаргоҳӣ омода мекардам. Рӯзҳои аввал каме мушкил буд, чунки кори кӯҳистонро карда наметавонистам. Оҳиста-оҳиста бисёре аз корҳои деҳаро аз хушдоманам ёд гирифтам. Дар зиндагӣ устувор шудам. Муҳим он ки зиндагиро дӯст дорӣ».
— Дар мавриди иззату эҳтироми шавҳар якчанд сухан бикунед. Масалан, вакте шавҳар ба кор мерафтанд, чӣ гуна гусел мекардед, аз кор меомаданд, чӣ тавр қабул мекардед?
«Сару либосашро ҳамеша худам омода карда, пӯшонида, пойафзолашро покиза карда, пеши пояшон мемондам, бо суханони хуб ба кор гусел мекардам. Аз кор меомаданд, хушҳолона, «хуш омадед» гӯён қабул мекардам. Баъзе ҳолатҳо бо табъи хира аз дар медаромаданд, кӯшиш мекардам, ки хомӯш бошам. Дилбардорӣ мекардам. Сару либосашро худам бароварда, наздаш чою хӯроки гарм меовардам. Фарзандонро намегузоштам, ки овоз баланд кунанд».
— Аз завҷаи меҳрубон чӣ хотираҳо доред?
«Ман аз завҷаам бисёр миннатдорам. Муҳити орому осуда, покизарӯзгорӣ ва хушбахтии ҳар як хонавода аз зан-модар вобаста аст. Бисёр зани меҳрубон, бофаҳм, меҳнатӣ аст. Сару либосам ҳамеша тозаву озода буд. Дар ҷойи кор ба ман мегуфтанд, ки мо надидем, ки ягон бор сару либосат ифлос бошад. Ба завҷаам аҳсану офарин мегуфтанд. Иззату эҳтиромамро ҳамеша ба ҷо меовард. Оромтабиат аст. Агар бадқаҳрам, ки мебудам, оромии ӯ, суханони хуби ӯ, муомилаи некаш маро ҳамеша ором мекард. Мегӯянд, мардро зан тарбия мекунад, рост аст».
— Ба шавҳаратон рашк мекардед?
«Не ростӣ! Ҳарчанд марди коргар буданд. Бо занҳо бисёр кор мекарданд, лекин рашк намекардам. Ба ман бисёр хабарҳо меоварданд, мегуфтам, ки ӯ коргар аст, лекин аҳамият намедодам. Ҳайрон шуда, мегуфтанд, ки чаро рашк намекунӣ? Мегуфтам, ки агар рашк кунам, ҳаётам ноустувор мешавад. Рашки беҳуда зиндагиро талх мекунад. Ба ӯ ҳамеша бовар доштам».
-Ташаккур, барои суҳбати самимӣ!
Зарина Мухторзода,
радиои “Тоҷикистон”
