Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, бахусус татбиқи лоиҳаи бунёди неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 400 мегаватт дар Тоҷикистон аз мавзуъҳое буд, ки дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарии ширкати «Masdar» -и Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи Ҳафтаи рушди устувори Абузабӣ – 2026 баргузор гардид.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ин лоиҳа ба афзоиши иқтидори тавлиди энергияи «сабз», диверсификатсияи манбаъҳои энергетикӣ ва таъмини устувории низоми энергетикии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи барқароршаванда ибрози назар намуд.
