Баргузории ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Душанбе

15 январ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии солонаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ/раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2025 шунида шуда, Нақшаи корӣ барои соли 2026 баррасӣ гардид.

Илова бар ин, доир ба масъалаи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар самти ЮНЕСКО, омода намудани парвандаҳои номинавии навбатӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ин созмон мубодилаи афкор карда шуд.