Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дирӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ, Олимпиада оид ба “Шоҳмот” ва Олимпиадаи “Spelling bee” аз фанни забони англисӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур, сарпарасти соҳа Заррина Зуҳурзода ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки: «Ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ гардида, то рафт дар пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро гирифта истодааст.»
Дар Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дар умум 3065 нафар хонанда иштирок намуданд. Аз ин шумора 1115 нафар муҳассилини литсею гимназияҳо буда, 1950 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия мебошанд.
Аз 3065 нафар иштирокчӣ 666 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла ҷойи I – 119 нафар, ҷойи II – 157 нафар ва ҷойи III — 390 нафар буда, ба даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин шумора 307 нафарашон муҳассилини литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳия буда, 359 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Олимпиадаи “Spelling bee” 178 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 7 нафар хонандагони литсей ва гимназияҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар Олимпиадаи “Шоҳмот” бошад, 137 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст 11 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 8 нафар хонандагони литсей ва гимназияҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи якчанд номинатсияҳои гуногун баргузор гардид, ки 10 нафар роҳбари муассиса, 24 нафар омӯзгор ва 697 нафар хонандагон аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо диплому ифтихорнома ва медалу стеллаҳо қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур 167 нафар ғолибони даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Сураёи Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
