Имрӯз дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби сол» ва «Беҳтарин рӯзнома ва маҷалла» баргузор гардид.
Озмунҳои мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии соҳаи нашр, рушди китобхонӣ, тақвияти фазои иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорӣ ва ҳавасмандгардонии муаллифон, ноширон ва кормандони воситаҳои ахбори омма роҳандозӣ шудаанд.
Вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён зимни суханронии худ таъкид намуд, ки чунин озмунҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарғиби арзишҳои маънавӣ нақши муҳим доранд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли зиё, нависандагону рӯзноманигорон, ноширон, муҳаррирон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд. Дар ҷараёни маросим натиҷаҳои озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли он бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ғолиби озмуни «Беҳтарин китоби сол» эътироф гардид, иброз дошт, ки нашри китобҳои арзишманд ба тарбияи насли наврас ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа мусоидат мекунад.
Ҳамчунин Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузории ин чорабиниро иқдоми муҳим дар самти тақвияти нақши матбуот ва рушди касбияти рӯзноманигорон арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия доир гардида, дар он олимон, шоирон, нависандагон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Беҳтаринҳо бо диплом, ифтихорнома ва дигар мукофотҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои “Тоҷикистон”
