Натиҷагирӣ аз иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»

Дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  ҷараёни иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Доир  ба ҷараёни татбиқи ин санад муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода бо рӯнамо баромад намуд.

Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳо оид ба сари вақт иҷро намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои дахлдор, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, ки аз натиҷааш ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисобот пешниҳод мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳуҷҷати расмии давлатии Тоҷикистон буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 қабул карда шудааст. Ҳадафи он коҳиш додани осебпазирии мамлакат ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои афзалиятнок ба монанди энергетика, обтаъминкунӣ ва кишоварзӣ мебошад. Ин стратегия бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва Стратегияи миллии об (то соли 2040) ҳамоҳанг буда, тадбирҳоро барои истифодаи самарабахши захираҳои об ва рушди иқтисодиёти «сабз» пешбинӣ мекунад.

Тоҷикистон, сарфи назар аз сатҳи пасти партови гази карбон яке аз кишварҳои осебпазир дар минтақа аст, зеро аз таъсири тағйирёбии иқлим бештар зарар мебинад. Стратегия ба рушди устувор, таъмини амнияти об ва энергетика, инчунин коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуда, бо Ҳадафҳои Рушди Устувор (HRU) пайваст аст.