Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» якчанд имтиёзи андозӣ ва ҳавасмандкунӣ пешбинӣ карда шуд.
Тавре Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва таҳвилӣ панелҳои офтобии истеҳсоли худӣ дар дохили ҷумҳурӣ воридот ва таҳвили минбаъдаи таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (панелҳои офтобӣ бо назардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвентор) ва дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён), қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии он то 1 январи соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Инчунин тибқи ин қонун масоҳати объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб гардидаанд (бо қувваи номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он), ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани он бо андоз аз объектҳои ғайриманқул андозбандӣ карда намешаванд.
Дар баробари ин, бо мақсади зиёд намудани иқтидори энергетикии мамлакат ва рушди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 353 Кодекси андоз заминҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ (бо иқтидори номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он) насб шудаанд, ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани онҳо аз пардохти андози замин озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 12 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда шуд, ки он 15 декабр дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ гардид.
Бояд гуфт, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябри соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ омӯхта шавад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад.
