Дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки «Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ агар дар соли 2015 6 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 16,4 ҳазор сомонӣ расид. Сатҳи камбизоатӣ ба 19 фоиз расида, шумораи аҳолӣ бошад ба 10,7 млн. нафар расид».
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар натиҷаи амалишавии Барномаи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2025-2030 ҳаҷми ММД бояд 2 баробар зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз ва рушди иқтисод то ба 8,7 фоиз ва рушди саноат то ба 20 фоиз бештар расонида шавад. Танҳо дар ин ҳодат метавон ба ҳадафҳои Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба давраи соли 2030 бирасем.
Дастуру супоришҳо ҳамчунин дар самти истифодаи оқилонаи неруи барқ дода шуд, ки маҳз тавассути гузаштан ба системаи биллингӣ имкон додааст, то маблағҳо 1.5 млрд. сомонӣ ворид гардида, талафоти барқ то ба 13 фоиз бирасад.
Боиси хурсандист, ки дар моҳи октябр талафоти барқ дар шаҳри Душанбе то ба 5,1 фоиз расидааст ва ин дар оянда имкон медиҳад, то мо ба истиқлолияти энергетикӣ наздик бишавем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо итминон ба аҳолии кишвар мужда расониданд, ки маҳз моҳи сентябри соли 2027 мо ба истиқлолияти энергетикӣ хоҳем расид. Дар ин самт ба истифода додани агрегати 3 юми НБО Роғун, ба анҷом расонидани таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои мавҷуда, то ба 1500 мегават расонидани иқтидори неругоҳҳои офтобӣ ва кам намудани талафоти барқ ин имкониятро хоҳад дод.
Шоистаи Аҳмад,
радиои «Тоҷикистон»
