Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатиро ба Маҷлиси Олии мамлакат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироъа намуданд. Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола ба соҳаи энергетика, саноат, рушди технологияҳои рақамӣ, маориф, ватандӯстию худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи миллатамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушду инкишоф ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самтҳо ба масъулин дастуру супориш доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаи маорифро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат дониста, онро мунтазам зиёд менамояд. Бо ин мақсад Президенти кишвар масъулинро вазифадор карданд, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоянд. Бадриддин Музаффарзода муовини вазири маориф ва илми кишвар зимни суҳбат ба мо гуфт, ки соли 2026 барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.

Масъалаи дигаре, ки Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми навбатӣ қайд намуданд, ин рушди соҳаи саноат дар солҳои минбаъда буд. Президенти кишвар иброз намуданд, ки дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ба таъкиди Сарвари давлат танҳо давоми соли 2025 дар кишвар 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуда, суръати рушди соҳаи саноат 22 фоизро ташкил дод. Бо мақсади идомаи ин раванд идомаи ин раванд Президенти мамлакат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур доданд, ки бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо, рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд. Азиз Назар муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар зимни суҳбат ба мо гуфт, ки роҳбарияти вазорат дар солҳои баъди ҳам барои рушду тарақиёти соҳа ҷалби сармояи ватаниву хориҷиро зиёд намуда, ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад.
Ҳамчунин Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки гузаштагони некноми мо — ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстонаро ба мерос гузоштаанд. Бо назардошти ин, Президенти кишвар ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»
