Дар шаҳри Белеми Бразилия, нишасти 30-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз гардид, ки он то 21-уми ноябр идома мекунад. Дар ин чорабинии бузурги байналмилалӣ намояндагони беш аз 190 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, масъалаи ҳифзи муҳити зист ва гузариш ба иқтисоди сабзро барассӣ мекунанд.
Конфронси ҷаҳонии тағйирёбии иқлим таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда, ҳазорҳо нафарро аз беш аз 190 кишвари ҷаҳон гирди ҳам овардааст. Ин аввалин бор аст, ки чунин “шуши сабзи Замин” баргузор мешавад. Ин ҷо худ рамзи муҳим дорад: ҷаҳон маҳз дар ҷойе ҷамъ омадааст, ки нигоҳдори муҳими тавозуни иқлимии кураи Замин ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии нишаст — таҳкими иқдомҳои ҷаҳонӣ барои коҳиши гармшавии глобалӣ, ҳифзи муҳити зист ва гузариш ба иқтисоди сабз мебошад.
Сарвари Бразилия, Луис Инасиу Лула да Силва, зимни ифтитоҳи нишаст гуфтааст, ки мо дигар наметавонем ваъдаҳои холӣ диҳем. Вақти амал фаро расидааст». Ба гуфтаи Дабири генералии СММ Антониу Гутерреш, ҷаҳон танҳо чанд сол фурсат дорад, то афзоиши ҳарорати Заминро дар сатҳи 1,5 дараҷа маҳдуд созад. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳар лаҳзаи таъхир ба маънои талафоти бештар барои табиат, иқтисод ва ҳаёти инсонҳост. Ба иттилои шабакаи телевизионии Евронюс дар нишаст як қатор масъалаҳо аз ҷумла ҷудо кардани маблағҳои воқеӣ аз кишварҳои пешрафта барои давлатҳои осебпазир; ҳифзи ҷангалҳо ва манбаъҳои табиӣ, бахусус Амазон ва дигар ҷангалҳои тропикӣ; гузариш ба энергияҳои тоза ва коҳиши партови газҳои гулхонаӣ; таъсири тағйирёбии иқлим ба кишварҳои камдаромад ва зарурати ҳамкории минтақавӣ мавриди барассӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар доираи нишаст, пешниҳод шудааст, ки аз соли 2035 маблағгузории ҷаҳонии солонаи иқлимӣ то ба 1,3 триллион доллар расонда шавад. Ин иқдом бояд барои сармоягузорӣ ба нерӯи офтобӣ, шамолӣ, нақлиёти барқӣ ва ҳифзи ҷангалҳо истифода гардад.
Тавре ки дар гузориши расмии СММ омадааст, Нишасти 30-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим қадаме муҳиме дар самти татбиқи Созишномаи Париж мебошад. Бар асоси баромади намояндагони Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Амрикои Лотинӣ, нишаст на танҳо барои муҳити зист, балки барои адолати иқлимӣ низ муҳим аст — яъне, кишварҳои камбизоат, ки бештар аз тағйирёбии иқлим зарар мебинанд, дастгирӣ шаванд. Дар ҳамин ҳол агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад, ки иштирокчиёни нишасти иқлимии СММ дар бораи таъсиси як фонд барои наҷоти ҷангалҳои тропикӣ розӣ шуданд. Ин ташаббус аз ҷониби 53 кишвар, аз ҷумла 19 сармоягузори эҳтимолӣ, дастгирӣ ёфт, ки нақша доранд, беш аз 5 миллиард доллар маблағгузорӣ кунанд. Хусусан, Бразилия ва Индонезия ҳар кадоме 1 миллиард доллар, Норвегия 3 миллиард доллар ва Фаронса то 500 миллион евро саҳм мегузоранд.
Тибқи гузориши СММ ҳамасола дар ҷаҳон тақрибан 10 миллион гектар ҷангал нобуд мешавад. Бино ба изҳороти Созмони Милали Муттаҳид ба ҷангалҳои ҷаҳон дарахтбурии ғайриқонунӣ, сӯхторҳои ҷангал, ифлосшавӣ, ҳашароти зараррасон, тақсимшавӣ ва оқибатҳои тағирёбии иқлим, аз ҷумла тӯфонҳои шадид ва дигар ҳаводиси обу ҳаво таҳдид мекунанд.
