Мақомоти Дания тасмим гирифтааст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакону наврасон манъ кунад. Ба иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ алаккай ин лоиҳа тасдиқ шудааст ва он моҳҳои оянда мавриди амал қарор дода мешавад.
Айни замон, 94% кӯдакони то 13-сола дар Дания аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Мақомот бовар доранд, ки амамлӣ намудани чунин чораҳо ба ҳифзи ноболиғон аз хатарҳои киберӣ ва таъсири манфии муҳити рақамӣ мусоидат мекунанд.
Дигар кишварҳои Аврупо аз ҷумла Фаронса, Испания ва Юнон низ тасмим гирифтаанд, ки маҳдудиятҳои ҳатмии синну солро барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷорӣ кунанд.
