Ширкатҳои амрикоӣ шумораи зиёди кормандонро ихроҷ намуданд. Тибқи гузориши оҷонсии таҳлилии Challenger, Gray дар моҳи октябр беш аз 150 000 нафар ҷои кори худро аз даст доданд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар 20 сол аст. Ба андешаи коршиносон сабаби асосии ихроҷи кормандон, татбиқи зеҳни сунъӣ ва беҳсозии хароҷот аст.
Рушди зеҳни сунъӣ боиси ихроҷи 150 ҳазор коргар шуд
