Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Digital Tajikistan PLUS доир гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Digital Tajikistan PLUS доир гардид. Дар кори форум намояндагон аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақами Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагон аз идораю ташкилотҳои хориҷи кишвар иштирок карда, масъалаҳои рушди рақамикунонӣ дар тоҷикистон, ҳамкории сохторҳои давлатӣ, бахши молиявӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, иқтисоди рақамӣ, соҳаи IT ва телекоммуникатсиониро баррасӣ мекунанд.

Форуми байналмиллалии Digital Tajikistan PLUS бори дуюм аст, ки бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақами Тоҷикистон баргузор гардида, он ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди ҳамкорӣ бо шарикон дар Тоҷикистон, дастрасӣ ба дониш ва технологияҳои пешрафта, имконияти омӯхтани тамоюлҳои навтарин, имконияти пайдо кардани шарикон ва мизоҷони нав, тавсеаи шабакаи худ ва эҷоди муносибатҳои қавии тиҷоратӣ нигаронида шудааст.

Дар оғози форум Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон суханронӣ карда, қайд намуд, ки техникаю технологияҳои нав рушди бо суботи тамоми соҳаҳоро ба вуҷуд оварда, дар ин самт рақамикунонӣ ва интернети босуръат нақши калидӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани як қатор тадбирҳо дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла татбиқи ҳукумати электронӣ, роҳандозии барномаҳои муайян дар низоми бонкҳо ва сохторҳи давлатӣ далели ин гуфтаҳост, иброз намуд, Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Шаҳбоз Мансуров корманди Бонки миллии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсади баргузории форум ба ҳам овардани намояндагони тамоми соҳаҳои иқтимоӣ ва пайваст намудани самти фаъолияти онҳо аз тариқи технологияҳои рақамӣ мебошад.

Канстантин Гризов намояндаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмиллалии Digital Tajikistan PLUS зимни суҳбат ба мо гуфт, ки барои иштирок дар форум 1000 дархост аз 200 ташкилоту идораҳои дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмиллалии Digital Tajikistan PLUS дар чор бахш идома карда, ҳадафҳои стратегии он такони иловагӣ бахшидан ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, дастгирии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нав дар самти инноватсия ва рақамикунонӣ мебошад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»