Форуми байналмиллалии Душанбе-Инвест имрӯз ба кори худ оғоз намуд

Форуми байналмиллалии Душанбе-Инвест имрӯз дар Кохи Ваҳдат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Пешвои муаззами миллат меҳмонони хориҷиву дохилиро хайрамақдам гуфта, дар мавриди имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳои додашуда ба сармоягузорону соҳибкорон, минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумот дода, ҳозиринро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.

Зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки таъмини суръати рушди иқтисоди миллӣ то ба 7,6 фоиз имкон медиҳад, то сармоягузорон бо итминон ба соҳаҳои энергетика, саноати сабук, саноати хурокворӣ, комплекси агросаноатӣ, коркарди маъдан, сайёҳӣ маблағгузорӣ намоянд. Ҳоло дар кишвар 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи 5 млрд доллар татбиқ мегардад.

Бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ Лоиҳаи CASA — 1000 бо маблағи 1.2 млрд доллар татбиқ мегардад, ки ин имкони пайвастшавии Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ хоҳад дод. Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарфиятҳои сармоягузорӣ ба монанди табиати зебову кӯҳҳои сарбафалаккашида, манбаъҳои обӣ, конҳои маъдан, «энергияи сабз» ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ суханронӣ намуда, ба кори Форуми Душанбе -Инвест 2025 муваффақиятҳо таманно намуданд.

Форум бо иштироки садҳо намояндаи дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Душанбе идома дорад.

Шоистаи Аҳмад,

радиои «Тоҷикистон»