Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Криосфера, иқлим ва захираҳои об: масъалаҳои кунунӣ ва ҳамкории байналмилалӣ» баргузор гардид

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Криосфера, иқлим ва захираҳои об: масъалаҳои кунунӣ ва ҳамкории байналмилалӣ» дар доираи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера 2025- 2034» ва экспидитсияи муштараки илмии Тоҷикистон, Шветсария, Фаронса ва Ҷопон баргузор гардид.

Дар кори конфронс муҳаққиқону коршиносон, шарикони рушд ва намояндагон аз вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд.

Зимни чорабинӣ таъкид рафт, ки дар шароити имрӯзаи тағирёбии иқлим, минтақаҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таҳаввулоти ҷиддиро аз сар мегузаронанд, ки ин боиси афзоиши бештар ва такроршавии таҳдидҳои захираҳои табиӣ мегарданд.

Инчунин гуфта шуд, ки ҳадафи чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои экспедитсияи илмии олимони тоҷик, швйтсарӣ ва ҷопонӣ оид ба гирифтани намунаи ях аз Пиряхи рақами 3 дар ҳавзаи кӯли Қароқул, ҳолати таназзули яхбандии доимӣ дар Помири Шарқӣ ва нақши ташаббуси байгалмиллалии Тоҷикистону Фаронса оид ба «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025- 2034» дар ҳифзи ил ҳои криосфера мебошад.

Конфронс дар формати гибридӣ сурат гирифта, дар он умдатарин масъалаҳо, аз қабили убодилаи донишҳои муосири илмӣ ва таҳқиқотпешрафта дар соҳаҳои криосфера, иқлим ва захираҳои об, тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва байнисоҳавӣ, таҳия ва тадбиқи механизмҳо барои мубодилаи иттилоот ва таҷриба байни олимон, ниҳодҳоидавлатӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, такмил додани низомҳои мониторинг ва пешгӯии равандҳои криомферӣ бо истифодаи технологиҳои инноватсионӣ; ва дигар масъалаҳои марбут ба криосфера мавриди баррасии иштирокҷиён қарор гирифт.

Дар ниҳояти кори ҳамоиш таҳияи ҳуҷҷати ниҳоии нақшаи роҳ барои тақвияти ҳамкорӣ қабул гардид.
Олуфта Шарипова,
Радиои «Тоҷикистон»