13-уми октябр Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ. Хароҷоти вокуниш ба офатҳои табиӣ дар як сол ба 202 миллиард доллар мерасад

Бо қарори Ассамблеяи Генералӣ аз 22 декабри соли 1989, 13-уми октябр Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ эълон гардидааст. Ин сана ба давлатҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳушдор медиҳад, ки барои таҳкими иқтидори миллии муқовимат бо офатҳои табиӣ ва ноил шудан ба рушди устувор ҳамкории худро тақвият бахшанд.

Мавзӯи 13 октябри соли 2025 «Маблағгузории устуворӣ, на офатҳо» номгузорӣ шудааст.  Тибқи маълумоти СММ, хароҷоти вокуниш ба офатҳои табиӣ дар як сол ба 202 миллиард доллар мерасад, аммо арзиши воқеӣ, аз ҷумла талафоти ғайримустақим, ба 2,3 триллион доллар наздик мешавад. Офатҳои табиӣ на танҳо боиси марги одамон мегардад, балки рушди тамоми минтақаҳоро сол ба сол бозмедорад.

Бар асоси гузориши ҷадиди Созмони ғизо ва кишоварзии СММ, ҳаҷми тавлидоти зироат ва чорводорӣ дар 30 соли ахир бар асари офатҳои табиъӣ 3,6 триллион евро арзёбӣ мешавад. Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки офатҳои табиӣ дар 30 соли ахир ба бахши кишоварзӣ ҳудуди чаҳор триллион доллар (3,6 триллион евро) хисорот ворид кардаанд. Коршиносони ин созмон ҳисоб кардаанд, ки дар тӯли чоряк аср теъдоди офатҳои табиӣ дар муқоиса бо солҳои 70-уми асри гузашта чанд маротиба афзоиш ёфтааст.

Минтақаи аз офатҳои табиӣ бештар осебдида дар сайёра Осиё мебошад. Пас аз он Амрико ва Аврупо қарор доранд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки талафоти аз ҳама бештар аз рӯи фоизӣ — 10 то 15 дарсади маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишварҳои камдаромад дида шудааст. Коршиносон қайд мекунанд, ки барои коҳиш додани хатарҳо дар соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои пешгирикунандаро сари вақт андешидан лозим аст.

Тибқи маълумоти Куммитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар Тоҷикистон дар давоми 15-соли охир 4232 ҳолати фавқулодаи табиӣ рух дода, дар натиҷа беш аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар давоми 15 соли охир шумораи офатҳои табиӣ зиёд шуда, ҳаҷми хисорот ду баробар афзоиш ёфтааст.

“Танҳо дар нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 246 ҳодиса ва ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 83 ҳолати селфароӣ, 51 ҳолати тармафароӣ, 23 ҳолати сангрезӣ, 26 заминларза, 18 ҳолати боронҳои шадид, 18 ҳолати шамоли сахт, 7 ҳолати ярч, 14 ҳолати баландшавии сатҳи об дар рӯдхонаҳо, 4 ҳолати раъду барқ, 1 ҳолати бориши зиёди барф ва 1 ҳолати хунукии шадид ба қайд гирифта шуд”,-хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон якчанд қарору қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ барои паст кардани хатари офатҳои табиӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағҳои назарраси буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷудо менамояд. Қисми зиёди ин маблағҳо ба самтҳои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн, расонидани кумакҳои моддӣ ба осебдидагон, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ, мониторинги пиряхҳо, кӯлҳо ва дигар манобеи табиии хатарзо ва гузаронидани машғулияти омӯзишӣ барои аҳолии осебпазир равона мегардад.

 Ғайр аз ин Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосии масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва устувории экологӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.