Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон — 2025 рӯзи 14-уми сентябр баргузор мегардад, ки дар он дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Эсхата» ба ҳам меоянд.
Дар ин бора Лигаи футболиТоҷикистон иттилоъ дода, ҳамчунин илова кардааст, ки вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад ва соати 17:00 (бо вақтиДушанбе) оғоз мешавад.
Барои баромадан ба финал, дар даври ниманиҳоӣ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Равшан»-и Кӯлоб ва «Эсхата»-и Хуҷанд бар «Вахш»-и Бохтар пирӯз гардиданд. Бояд гуфт, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон-2025, 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи ҷоиза бо 60 ҳазор сомонӣ ва иштирокчии рақобати финалӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»
акс аз саҳифаи расмии ФФТ