Христо Стоичков ситораи футболи Аврупо, беҳтарин футболбози қитъаи мазкур дар соли 1994 ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тавре манбаъ зикр мекунад Стоичков дар доираи лоиҳаи «Football For Schools» (Футбол барои мактабҳо), ки аз ҷониби ФИФА амалӣ мешавад, ба кишвари мо ташриф хоҳад овард.
Дар доираи оғози лоиҳаи «Football For Schools» рӯзҳои 25-26 август дар шаҳри Душанбе барои 45 нафар омӯзгорони тарбияи ҷисмонии мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар семинари омӯзишӣ баргузор мешавад. Дар идомаи сафари Стоичков, ҳамчунин рӯзи 27 август дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» ҷашнвораи футбол баргузор хоҳад гашт. Бар асоси нақшаи Лигаи футболи кӯдакону наврасониТоҷикистон, дар соли ҷорӣ лоиҳаи «Football For Schools»-и ФИФА 130 мактаби
кишварро фаро мегирад. Ин лоиҳа ба омӯзиши ҷаҳонӣ, рушд ва ҷалби кӯдакон ба футбол равона шудааст.