Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ 90 ҳазору 280 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 33,8 миллион доллари ИМА ба хориҷи кишвар содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 156 тонна бештар ва 5 миллион доллари ИМА зиёд шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ дода шуд. Қайд гардид, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 26 давлати хориҷи дуру наздик сурат гирифтааст. Аз ин ҳисоб 89 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 11 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.
Дар нишаст, Нуралӣ Асозода муовини вазири кишоварзии мамлакат гуфт, ки имсол масоҳати қариб 182,5 ҳазор гектар кишти пумбадона гузаронида шудааст ва бори аввал кишти пахта бо усули зери пилёнка дар масоҳати зиёда аз 11 ҳазор гектар ба роҳ монда шуд. Ба таъкиди ӯ дар ин давра ба кишвар 125 адад тухмипошакҳои зери пилёнка ворид гардид ва истеҳсоли пилёнкаҳо дар дохили кишвар ба роҳ монда шуд.
Бояд гуфт, ки имсол хуруҷи малахҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд гадид. Сабаби зиёд шудани малахҳоро Нуралӣ Асозода муовини вазири кишоварзии кишвар ба тағйирёбии иқлим ва эҳтимоли сари вақт мубориза набурдани кишварҳои ҳамсоя бо ин намуди ҳашароти зараровар нисбият дод. Ӯ гуфт, ки зиёд шудани малах ба соҳаи кишоварзӣ зарари ҷиддӣ нарасонида, сари вақт нест карда шуданд.
Ҳамчунин дар нишаст Нуралӣ Асозода муовини вазири кишоварзии кишвар гуфт, ки 26 — уми июли соли равон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалии озуқаворӣ дар мавзуи «Гусфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ» семинари илмӣ баргузор мегардад. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки ниммаи дуюми моҳи сентябри соли равон боз баргузории Конференсияи байналмилалӣ вобаста ба гусфанди зоти ҳисорӣ дар назар дошта шудааст.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»