Норасоии 3 848 нафар омӯзгор дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии кишвар

Дар нимсолаи аввали соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру навоҳии кишвар  норасоии кадр ба мушоҳида мерасад, ки ин  ба  3848  нафар баробар мебошад.  Дар ин бора  имрӯз Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.   

Вобаста ба Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки  Стратегияи мазкур барои давраи то соли 2044 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2027  таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025 тасдиқ гардид.  Ба таъкиди Вазир моҳи апрели соли 2025 Барномаи байналмилаллии арзёбии хонандагон РISA-2025 дар 160 муассисаи таҳсилоти умумии ш. Душанбе бо иштироки 5757 хонанда бомуваффақият гузароинда шуд, ки натиҷаи он то охири сол пешниҳод мегардад.

Инчунин дар рафти нишаст тавзеҳ дода шуд, ки натиҷаи ҷамъбасти мониторинги гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 муаян намуд, ки сифати таҳсилот ба 37, 5 фоиз ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 94, 4 фоиз  баробар мебошад. Инчнуин дар ин давра бо мақсади фарогирии бештар ва  дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2931 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 133 ҳазору 361 кӯдак дар 5569 гурӯҳ таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 47 марказ ва 2044 кӯдак зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 251 ҳазору 753 нафар ё 23,7 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ин давраи соли 2024   3,5 фоиз (соли 2024-ум 20,2 фоиз) зиёд мебошад.

Олуфта Шарипова

радиои “Тоҷикистон”